ФАХАМ 1) боғҷома, чодаре, ки дар вақти афшондани мева ба асри дарахт медоранд; 2) чодаре, ки барои ғун кардани нисор дар тӯйҳо ва ҷашнҳои хурсанди ба рӯи даст нигоҳ дошта мешавад.
Муфассал »ФАХД
ФАХД, нигаред Юз.
Муфассал »ФАХ
ФАХ, фахх, дом, нигаред Гала.
Муфассал »ФАТҲУЛЛОҲИ ҚАЗВИНӢ
ФАТҲУЛЛОҲИ ҚАЗВИНӢ Фахруддин (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 13). Бародари таърихнависи машҳур Муставфии Қазвинӣ. Аз ғазалсароёни замон ва дар ин ҷода пайрави Авҳадии Мароғӣ будааст. Намунаҳои осораш кам мондааст. Ин байт аз ӯст: Рӯзи аҷалам нола на аз рафтани ҷонаст. Аз ёр ҷудо мешаваму нола аз он …
Муфассал »ФАТТОҲИИ НИШОПУРӢ
ФАТТОҲИИ НИШОПУРӢ Мавлоно Муҳаммад ибни Яҳёи Себак (соли таваллуд номаълум, Нишопур — вафот 1448, Ҳирот), шоир, нависанда, олим ва хаттоти форс-тоҷик. Фатоҳии Нишопурӣ аксари илму дониши замонадшро аз худ карда буд. Махсусан дар илмҳои қофия, арӯз, бадеъ ва санъати хат истеъдоди баланд дошт. Асарҳои Фатоҳии Нишопурӣ бо тахаллусҳои гуногун навишта …
Муфассал »ФАТИЛА
ФАТИЛА, тампон, сабих, 1) як порча (ҳамвор ё лӯнда) докаи покро гӯянд, ки барои нигоҳ доштани хун ё берун кардани чирк ба даруни ҷароҳат ё сатҳи он гузошта мешавад. Мӯҳлати гирифтани фатила ба таъйиноти он вобаста аст. 2) Ресмони ғафси пахтатофтест, ки дар чароғи пилтасӯз ва шамъ метузоштанд.
Муфассал »ФАСЛҲОИ СОЛ
ФАСЛҲОИ СОЛ (баҳор, тобистон, тирамоҳ, зимистон), ба давраҳо тақсим шудани солро гӯянд, ки дар қадимулайём мувофиқи ҳаракати -Офтоб дар осмон ва тағйири фаслҳо дар табиат муқаррар гардидааст. Ивазшавии Фаслҳои сол дар натиҷаи майли тири чархзании Замин ба ҳамвории мадори Замин (таҳти кунҷи 66°33′) сурат мегирад. Ҳангоми дар гирди Офтоб ҳаракат …
Муфассал »ФАСЛ
ФАСЛ (арабӣ ), дар тибби қадим пайвандгоҳи ду устухонро меномиданд. Нигаред Банд.
Муфассал »ФАСЕҲӢ Мулло Абдуназар Бухороӣ
ФАСЕҲӢ Мулло Абдуназар ибни Мулло Ҷӯрабои Бухороӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1895), шоири тоҷик. Пас аз хатми таҳсил ба хидмати дарбор роҳ ёфт. Ашъораш аз мухаммасот, мусалласот (дар пайравии Мушфиқӣ) ва мусаддасот иборат аст. Девонаш таҳти рақами 1451/1 дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон маҳфуз …
Муфассал »ФАСЕҲУДДИНИ КУҲИСТОНӢ
ФАСЕҲУДДИНИ ҚУҲИСТОНӢ Муҳаммад ибни Абдулкарими Низомӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1530), риёзидон ва ҳайатшиноси тоҷик, шогирди Алоуддини Қушчӣ. Дар Ҳирот кор кардааст. Доир ба астрономия ва математика таълифоти зиёд дорад. «Мифтоҳи бист боб дар маърифати устурлоб» («Калиди дувоздаҳ боби маърифати устурлоб»), «Шарҳ-ул-мулаххас филҳайя», «Рисолат-улкура», «Рисола дар маърифати рубъ», «Матлаъ …
Муфассал »