Маълумоти охирин
Главная / Теги: Растанӣ

Теги: Растанӣ

САРХАСШАКЛҲО

007

САРХАСШАКЛҲО, сарахсшаклҳо (Р1епйорЬу1п), як гурӯҳи растаниҳои дараҷаи олист, ки гайр аз ушнаҳо тамоми растаниҳои дараҷаи олии ботухм (сархасҳо, чилбандҳо, плаунҳо, селагинеллаҳо, псилотиҳо ва бисёр гурӯҳҳои растании мурдарафта)-ро дар бар мегиранд. Дар Тоҷикистон аз гурӯҳҳои номбурдаи Сархасшаклҳо фақат баъзе намудҳои сархас ва чилбанд (чилбугум) месабзанд. Одатан дар сояи буттаву дарахтон, зери …

Муфассал »

САРХАС

007

САРХАС, сарахс (ГШс1пае), як гурӯҳи растаниҳои дараҷаи олист, ки қадимтарии ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар дунё 300 ҷинсу 10 ҳазор намуди Сархас боқӣ мондааст. Онҳо дар шароити хеле гуногун (биёбон, кӯлу ботлоқзор, кӯҳсор ва дигар) мерӯянд. Дар Тоҷикистон 21 намуди Сархас маълум буда, ба 4 оила тааллуқ дорад: моракиҳо,сарахсҳои ҳақиқӣ, …

Муфассал »

САРМОЗАНИИ РАСТАНӢ

rastani

САРМОЗАНИИ РАСТАНӢ, нобуд шудани растани ё узвҳои он дар натиҷаи ях бастани бофтаҳо. Об дар ҳарорати пасттар аз —1*Селсия дар ҳуҷайраҳои растанӣ ва байни ҳуҷайраҳо ях мекунад, ях сохти дарунии ҳуҷайраҳоро вайрон намуда, онҳоро нобуд месозад. Об дар байни ҳуҷайра ва дар протоплазма ях мебандад. Вобаста ба намуд, навъ ва …

Муфассал »

САРМОБАРДОРИИ РАСТАНӢ

rastani

САРМОБАРДОРИИ РАСТАНӢ, аз сармон кӯтоҳ ё дарозмуддат талаф нашуда ба хунукӣ тоб овардани растаниро гӯянд. Дар растаниҳои зимистонгузарон сармобардорӣ ҳар сол дар натиҷаи тайёрии дарозмуддат ва мураккаби онҳо ба зимистон инкишоф меёбад (нигаред. Обутоби растанӣ). Дар давраи гарми сол, вақте ки растаниҳо месабзанд, қобилияти сармобардории онҳо кам ва дар давраи …

Муфассал »

РИНИОФИТҲО

sj-02-428

РИНИОФИТҲО , псилофитҳо , қадимтарин ва оддитарин гурӯҳи растаниҳои дараҷаи олӣ, ки нобуд шудаанд. Хусусиятҳои асосии онҳо: дар нӯги пояҳо ҷойгир шудани спорангийҳо, набудани решаву барг, шохронии дихотомӣ, сохти оддии анатомӣ ва ғайра. Риниофитҳо дар ҷойҳои серрутубат, шибарзамин ва соҳилҳои тунукоби дарёҳо (400 миллион сол муқаддам) мерустанд. Тадқиқи сохти Риниофитҳо …

Муфассал »

ХАШХОШ

pixabay1_d_850

ХАШХОШ, кӯкнор (Рагаraver somniferum) як навъ гиёҳ, ки хусусияти нашъабахшӣ ва хобоварӣ дорад, аз тухмаш равған мекашанд ва аз ширааш тарёк мегиранд; мувофиқи таснифоти ботаникӣ растании яксолаву заҳрнокест мансуби оилаи хашхошиҳо. Пояаш рост (то 150 см қад мекашад), сербарг. Гулаш Хашхош ва ғӯзаи он калони қадаҳшакли хушранг сафед, гулоби, сурх, …

Муфассал »

ХАНҶАРӢ

xanjariho

ХАНҶАРӢ, агава (Аgаvа), як ҷинси растаниҳои бисёрсола аз оилаи ханҷариҳо. Ханҷариро дар СССР чун растании ороишӣ ва бештар дар гармхонаи боғҳои ботаникӣ, боғу чорбоғи соҳилҳои баҳри Сиёҳи Кавказ ва ҷануби Қрим мепарваранд. Ба парвариши ханҷариро дар Боғи ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон соли 1936 сар кардаанд; то ин …

Муфассал »

ХАМЕФИТҲО

ХАМЕФИТҲО (аз юнонӣ сhamai — дар замин ва рhyton — растанӣ), растаниҳоеро гӯянд, ки муғҷаи рушди онҳо аз рӯи хок каме болотар (20—30 см) буда, одатан зимистон зери барф мемонад. Ба хамефитҳо патта (черника, мушкбед ва ғайра), нимпатта (масалан, сисанбар, бисёр навъҳои шибоғ), баъзе гиёҳҳои бисёрсола (масалан, зеленчук) ва ушна …

Муфассал »

ФИЗИОЛОГИЯИ РАСТАНӢ

fiz-rastani

ФИЗИОЛОГИЯИ РАСТАНӢ, як соҳаи илмӣ биологияро гӯянд, ки қонуниятҳои муштараки фаъолияти ҳаётии растаниро меомӯзад. Физиологияи растанӣ аввал чун қисми таркибии ботаника ба вуҷуд омад. Охири асри 18 фотосинтез кашф шуд ва он боиси инкишофи Физиологияи растанӣ гардид. Дар инкишофи Физиологияи растанӣ ҳиссаи олимони рус ва советӣ А. Е. Фаминцын, К. …

Муфассал »