Маълумоти охирин
Главная / Теги: Фалсафа ва дин

Теги: Фалсафа ва дин

СУДУР

СУДУР (арабӣ      —содир намудан, берув овардан), таҷаллӣ, ишроқ, фаязон, эманасия, дар фалсафа як амсли руҳониро гӯянд, ки дар ҷараёни он ба зоти воҳид силсилаи маротиби ҳастӣ пайдо мешавад. Назарияи Судурро дар фалсафаи атиқа асосан намояндагони навафлотуния (Аммоний Саккас, Плотин) ташаккул додаанд. Плотин дар «Эннезд» моҳияти назарияи Судурро чунин баён каррдааст: …

Муфассал »

СОМ

nuh-payombar

СОМ, Сим (аз яҳудии қадим Шем), дар асотири Библия яке аз се писари Нӯҳ, «саромад»-и эламиҳо, ошуриҳо ва дигарон. Номи сомиён низ аз Сом бармеояд.

Муфассал »

СОЛШУМОРИИ ЗАРДУШТӢ

kalendar

СОЛШУМОРИИ ЗАРДУШТӢ, солшумории авестоӣ, яке аз солшумориҳои маъруфи қадим, ки аҷдоди халқи тоҷик аз он истифода мекардазнд. Муаллифони давраи Сосониён ва муаррихони исломӣ таъсиси ин солшумориро ба Зардушт нисбат додазнд. Солшумории зардуштӣ дар баъзе ноҳияҳои Осиёи Миёнаю Эрон нимаи якуми ҳазораи 1 то мелод ҷорӣ гашта, минбаъд дар Суғд, Хоразм, …

Муфассал »

СКЕПТИСИЗМ

savol

СКЕПТИСИЗМ (аз юнонӣ skeptikos – муфаттиш, муҳаққиқ), ҷараёни фалсафиест, ки асоси онро шакку шубҳа ба мавҷудияти ягон меъёри мӯътамади ҳақиқат ташкил мекунад. Шакли ифротии Скептисизм агностисизм аст. Нигаред низ Шаккокия.

Муфассал »

СИФАТИ АВВАЛ ВА СИФАТИ СОНӢ

СИФАТИ АВВАЛ ВА СИФАТИ СОНӢ, истилоҳоти назарияи маърифати механикии асрҳои 17—18 мебошанд, ки барои фарқ кардани сифатҳои ашё аз ҷиҳати дараҷаи объективияташон истифода мешуданд. Материализми диалектикӣ ба аввалу сонӣ ҷудо кардани сифати ашёро иикор карда, ҳама гуна эҳсосотро образи субъективии реалияти объективй медонад. Эҳсосот хосияти ашёро инъикос кунад ҳам бо …

Муфассал »

СИТОРАПАРАСТӢ

СИТОРАПАРАСТӢ, парастиши ҷирмҳои мунири осмонӣ дар динҳои пешазисломй. Бино ба маълумоти «Таърих-ул-ҳукамо»-и Ибни Қифтӣ Ситорапарастӣ дар Юнону Мисри Қадим, махсусан дар Бобулиотон ривоҷ ёфта буд. Офтоб, Моҳ ва панҷ ситораи қобили мушоҳидаро дар Бобулистон худо эълон карда буданд. Аксари хурофотҳои вобаста ба эътиқоди ҷирмҳои мунири осмонӣ, аа ҷумла аломатҳои бурҷи …

Муфассал »

СИЛСИЛА

СИЛСИЛА, (арабӣ — занҷир), дар  тасаввуф фирқаеро гӯянд, ки муассиси он аз бузургони тасаввуф буда, роҳи махсуси риёзату муҷоҳидаро асоси тариқати худ қарор додааст. Зимни ташаккул ва инкишофи афкори тасаввуфӣ дар асрҳои миёна фирқаҳои гуногуни тасаввуф пайдо шуданд, ки пешвоёнашон яке аз нуктаҳои асосии мақомот ё аҳвол (баъзе Силсила таваккул, …

Муфассал »

СИКХИЗМ

СИКХИЗМ (аз санскрит сикх-шогирд), мазҳабест дар индуия, ки баъзан ҳамчун дини мустақил амал карда, асосан дар Панҷоб интишоор ёфтааст. Асосгузори он гуру (мураббӣ) Нанак (1469—1539). Сикхизм таълимоти монотеистӣ буда, аз тасаввуф низ истифода бурдааст. Сикхизм яккахудоиро талқин намуда ба тақсимоин кастагӣ муқобил мебарояд, баробарии сикхҳоро дар назди худо эътироф мекунад …

Муфассал »

Абдол

abdol

Абдол (аз арабӣ ҷойнишин, ивазкунанда, халифа), як зинаи силсилаи маротиби машоихи суфия, ки аз ҳафт тан орифони поку нексиришт иборатанд. Тибқи иттилои муҳаққиқи Эронӣ Абдулҳусайни Зарринкӯб, бузургони суфия, ки иборат аз 356 нафар мебошанд, аз рӯи мақому манзалати ишғолкардаашон дар маърифати тасаввуфӯ силсилаи маротиберо ташкил медиҳанд, ки дар он қутб …

Муфассал »

Аббат

abbat

Аббат (лотинӣ аbbas, юн. аbba, оромӣ аbo— падар), дар калисои католикӣ роҳбалад ва пири дайр, қисман соҳибваколати роҳибони насронӣ, падари рӯҳонӣ, устод ва пешвои диндорон дар ҷамъияти роҳибон. Салоҳияти Аббат аз рӯи низомномаву қавоиди дайрӣ, ки муаллифону мураттибонаш Василий Великий (асри 4) ва Бенедикт Нурсийский (охири асри 5 ва аввали …

Муфассал »