Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИТОРАПАРАСТӢ

СИТОРАПАРАСТӢ

СИТОРАПАРАСТӢ, парастиши ҷирмҳои мунири осмонӣ дар динҳои пешазисломй. Бино ба маълумоти «Таърих-ул-ҳукамо»-и Ибни Қифтӣ Ситорапарастӣ дар Юнону Мисри Қадим, махсусан дар Бобулиотон ривоҷ ёфта буд. Офтоб, Моҳ ва панҷ ситораи қобили мушоҳидаро дар Бобулистон худо эълон карда буданд. Аксари хурофотҳои вобаста ба эътиқоди ҷирмҳои мунири осмонӣ, аа ҷумла аломатҳои бурҷи дувоздаҳгона аз Бобулистон ба дигар халқҳо гузаштааст. Ситорапарастон бурҷҳои осмониро махлуқоти илоҳӣ шуморида, падидаҳои гуногуни табиат, воқеаҳои муҳими ҷамъият ва тақдири одамони алоҳидаро вобаста ба вааъу ҷойгиршавии ҷирмҳоц осмонӣ (саноати танҷим) шарҳ медоданд. Баъдтар ин ақида ба Риму Византия, мамлакатҳои араб ва ба воситаи онҳо ба Европа интишор ёфтааст. Аҷдоди тоҷикон ҳам ситорапараст буданд. Онҳо ба «оташи фалакӣ» — Офтоб (Меҳр) эътиқод доштанд. Меҳрпарастӣ миёни қабилаҳои ҳиндуэронӣ ҳазораҳои 3—2 то милод пайдо шудааст. Нигаред низ: Митра.

mitra

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …