«САФАРНОМА» асари Носири Хисрав; зоҳиран нахустин аса- рест, ки дар адабиёти форс-тоҷик дар жанри сафарнома навишта шудааст. « Сафарнома » қайдҳои хотироти сафари ҳафтсолаи Носири Хисравро (аз 5 марти 1046 то 23 октябри 1052) дар бар мегирад. Вай дар муддати ин сафар 2220 фарсанг (17 ҳазор километр) масофаро тай намуда, шаҳру вилоятҳои мамлакатҳои Шарқи Миёнаю Наздик (Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Осиёи Хурд, Сурия, Ҳиҷоз, Миср, Яман, Тунис, Фаластин, Ироқ ва ғайра)- ро саёҳат намуда, ранҷу машаққати зиёде аз сар гузаронидааст. Муаллиф дар « Сафарнома» аввал дар бораи зиндагиаш қабл аз мусофират мухтасар таваққуф намуда, баъд бевосита ба баёни хотироти айёми сафар мепардозад. « Сафарнома» сюжети муайяну ягона надошта, асосан қайду хотироти ҳаррӯзаи сафар, чизҳои дидаву шунидаи муаллифро дар бар гирифтааст. Маълумоту хотироти сафар дар асар мувофиқи тартиби санаҳои ба шаҳру вилояте расидани муаллиф паи ҳам ҷойгир карда щудаанд. Дар « Сафарнома» доир ба шаҳру музофотҳои кишварҳои мухталиф, мавқеи ҷуғрофӣ, обу ҳаво, молу меваҳо, ободонӣ, роҳҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, ёдгориҳои маданӣ, сохти давлатдорӣ, урфу одати халқҳои он мавзеъҳо маълумоти муҳим оварда шуда, мусоҳибаҳои муаллиф бо ула-мою удабои он сарзаминҳо тасвир шудааст (вохӯрӣ бо шоирон Қатрон ва Абулъалон Маарӣ ва ғайра). Мушоҳидаҳои муаллиф ҳаққонӣ ва беғаразона баён гардидаанд. «Ва дар ин саргузашт он чӣ дида будам, ба ростӣ шарҳ додам. Ва баъзе, ки бар ривоятҳо шунидам, агар дар он ҷо хилофе бошад, хонандагон аз ин за- иф надонанд ва муахазату накӯҳиш накунанд» — навиштааст муаллиф дар хотимаи китоб. Забон ва тарзи баёни «Сафарнома” содда ва равон аст. Услубу тарзи тасвири таассуроти сафари муаллиф ҷолиби диққат ва аз ҷиҳати бадеӣ дилчасп аст. « Сафарнома » барои омӯхтани хусусиятҳои насри забони адабии тоҷик (форсии дарӣ) дар асри 11 аҳамияти калон дорад. Инчунин, ҳамчун асари ёддоштӣ « Сафарнома» барои муаррихон, бостоншиносон, географҳо, этсографҳо материали фаровоне медиҳад. Дар миёни пайравони та- риқаи исмоилияи Бадахшон асаре бо номи «Сафарномаи Носири Хисрав» (баъди асри 15 аз тарафи муаллифони исмоилимазҳаб мураттаб гардидааст) маълум аст, ки аз « Сафарнома»-и аслии Но- сири Хисрав комилан фарқ мекунад. « Сафарнома» ба забонҳои франсавӣ, англисӣ, русӣ ва ғайра тарҷума шуда, борҳо ба табъ расидааст.
Нашр: Носири Хисрав, Сафарнома, Душанбе, 1970. А. Алимардонов.
Tags асар
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …