Маълумоти охирин

САҚИЛ

САҚИЛ (арабӣ — вазнин, гарон), оҳангест дар қисми охирини мушкилоти ҳар як мақоми «Шашмақом». Сақил асосан бо танбӯр ва ё ансамбли асбобҳои халқӣ вазнин ва оҳиста-оҳиста иҷро мешавад. Сақил дар қисми созӣ ҳамчун шакли рондо маъмул шудааст (яъне шакле, ки дар он пас аз пайдо шудани мавзӯи нави мусиқӣ мавзӯи асосӣ гаштаю баргашта такрор меёбад).

Ин қисми тағйирнаёбанда «бозгуй» ном дошта, қисми тағйирёбандаро «сархона» меноманд. Усули Сақил хеле мураккаб буда, аз ҷиҳати дарозӣ ба 48 чоряк баробар аст ва он ҳангоми навохтан даврҳои мураккаби зарбиро ташкил медиҳад. Дар Сақил «Уфари сақил» ном оҳанг ба сифати бозгӯй меояд ва он дар фуроварди ҳар сархона навохта мешавад.

ansamble

Сақилҳо дар қисмати мушкилоти «Шашмақом» бо номҳои гуногун меоянд. Масалан, дар мақоми якум (Бузрук) Сақили ислимӣ ва Сақили Султон. Ин Сақилҳо аз ҷиҳати зарбӣ — 2/4 як хел буда, бо диез навохта мешаванд. Дарозии оҳанги Сақили ислимӣ аз 6 ва Сақили Султон аз 8 хона иборатанд. Дар мақоми дуюм (Рост) Сақили вазнин ва Сақили Рост (рак-рак). Ин Сақилҳо бо зарби 2/4 навохта шуда, дарозиашон аз 7 ва 8 хона иборат аст. Дар мақоми сеюм (Наво) фақат як Сақил аст — Сақили Наво. Зарбаш 2/4 буда, дарозиаш аз 10 хона иборат аст. Дар мақоми чорум (Дугоҳ) бо номи Сақили Ашкуллоқ маъмул аст.

Сақили Ашкуллоқ аз 10 хона иборат буда, бо зарби 4/4 навохта мешавад. Ин шакли зарб фақат дар ҳамин Сақил мушоҳида меша- вад. Сақили Бастанигор ва Сақили Ниёзҷонхоҷа дар мақоми панҷум (Сегоҳ) ҷой гирифтаанд. Сақили Ниёзҷонхоҷа бо иштибоҳе дар китоби «Шашмақом» сабт нагардидааст. Лекин хонандагони «Шашмақом» онро ба мақоми «Сегоҳ» нисбат медиҳанд. Ин Сақилҳо бо зарби 2/4 иҷро мешаванд. Мақоми шашум (Ироқ) се Сақилро дорост: Сақили Ироқ, Нимсақил ва Сақили калон. Ин Сақилҳо ҳам бо зарби 2/4 навохта мешаванд. Сақилҳои мақоми «Бузрук» диез доранд. Нимсақил — оҳанги хурдест, ки аз 6 хона иборат аст. Сақили Ироқ ва Сақили калон аз 11 ва 10 хона иборатанд. Дар вақти навохтан хонаи охирини ҳаряк Сақил такрори хонаи дуюм ё чорум, (аксаран) мебошад. Сақилҳо ба мақоме, ё мутрибни машҳуре, ки онҳоро эҷод кардаанд, мансубанд.

Умуман Сақилҳо дар «Шашмақом» мавқеи муайяне дорад ва бо оҳанги вазнину ҳазип навохта мешавад. Сақилҳо қисми мушкилоти мақомҳоро бо қисми овозии (насрӣ) онҳо мепайванданд.
Адабиёт: Шашмақом, ҷилди 1—5, Москва, 1950—1967. И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …