Маълумоти охирин

САТО

САТО, асбоби мусиқии торист, ки бо камонча менавозанд. Сато дар байни тоҷикои, ӯзбекҳо, эрониён, афғонҳо ва бисёр халқҳои мамлакатҳои Шарқ маъмул аст. Сато ба танбӯр монанд буда, косааш нисбатан калонтар ва сарпӯш (рӯйпӯш)-аш каме васеътар мебошад. Он аз чӯби тут сохта мешавад. Дарозии умумиаш 130 —140 сантиметр. Баъзе мутрибон танбӯрро ҳам монанди Сато бо камонча менавозанд, ё баръакс Саторо мисли танбӯр бо мизробнохун мезананд.

sato

Одатан ба рӯи сарпӯши Сато харак (камоншакл) гузошта, аз болои он 3—4 тор мекашанд ва тори миёнаро нисбат ба торҳои паҳлӯ бо сози кварта ё квивта ҷӯр мекунанд. Инчунин аз тарафи рости дастааш дар паҳлӯи гӯшакҳо барои акси садо (резонанс, садои ёридиҳанда) боз 10—11 тори иловагӣ мекашанд.

Онҳоро аз таги симҳои асосӣ кашида, ҳам симҳои асосӣ, ҳам иловагй ба як торгир, пайваста мешаванд. Дар дастааш пардаҳои диатоникӣ мавҷуданд, ки дар вақти онҳоро сахт пахш кардан овоз аз пардаи асосӣ қариб ним парда баландтар садо медиҳад.

Бо Сато асосан оҳангҳои лирикии ҳазину нолишнок ва нюансдор навохта мешаванд. Баъзан дар ҳайати ансамбли асбобҳои халқӣ низ амал дорад. Садояш ба овози виолончелӣ наздик аст. Ходими Хиз- матнишотдодаи Санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, устоди «Шашмақом» Ф. Шаҳобов дар навохтани Сато ва танбӯр маҳорати беназир дошт. Оҳангҳои навохтаи ӯ ҳоло дар фонди мусиқии радиои тоҷик маҳфузанд. И. Раҳимов.

Видео

Инчунин кобед

dnevnik

САФАРНОМА

САФАРНОМА – як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуpаштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …