Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИФАТИ ФЕЪЛӢ

СИФАТИ ФЕЪЛӢ

СИФАТИ ФЕЪЛӢ, яке аз шаклҳои номии феъл буда, амал ё ҳолатеро мефаҳмонад, ки он ҳамчун аломати предмет дар яке аз замонҳо воқеъ мешавад. Сифати феълӣ бо аломатҳои морфологиаш дорои хусусиятҳои феъл ва сифат аст.

Сифати феълӣ гузаранда (кашонанда, шунидагӣ) ва монда (раванда, шукуфӣтагӣ) мешавад. Ин хусусияти он ба ифодан тарзҳои фоил ва мафъул вобаста аст. Сифати феълӣ се замон ва панҷ шакл: ҳозира (рафта истодагӣ), гузашта (омадагӣ), ҳозир оянда (меомадагӣ), оянда (омаданӣ) дорад. Категорияи замон хусусияти барҷастаи феъл буда, Сифати феълиро дар доираи феъл нигоҳ медорад. Сифати феъл монанди феъл намуди мутлақ ва давомнокро низ ифода мекунад.

Сифати феълӣ мисли сифат шакли ҷамъ намегирад ва ҳамчун муайянкунанда одатан ба ибораи изофӣ дохил мешавад: одами омадагӣ. Сифати феълӣ монанди сифат пеш аз муайяншаванда ҳам меояд: пароканда лашкар. Сифати феълӣ дар ҷумла ба вазифаи ҳол (хандида гуфт, наандешида, ва санҷида магӯ) ва хабар меояд.

 

Дар кӯҳу дар дашт лола расида,

Дар боғу дар кишт сабза дамида.

(С. Айнӣ)

 

Агар дар Сифати феълӣ хусусиятҳои морфологии замон, тарз, намуд ва вобастакунии феълӣ суст шавад, он аввал ба сифат (таклифи пухта, буррандатар теғ), сипас ба исм мегузарад (нависанда, шунаванда) ва хусусиятҳои асосии ҳиссаҳои нутқи эикршударо мегирад.

 

Адабиёт: Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик, ҷилди 1, Душанбе, 1985.

Д. Тоҷиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …