САЛТО (италиявӣ Salto —ҷаҳиш), с а л т о -м а р т а л е, дар в а р з и ш ва с и р к, аз ҷои ист ё давида ба боло ҷаҳида, дар ҳаво як ё якчанд бор дар ҳолати муаллақ чарх задани варзишгар ё артистро гӯянд.
Ҳангоми аз турник ва ё брус парида фаромадан низ Салто кардан мумкин аст. Салто пешнокӣ, ақибнокӣ, паҳлунокӣ мешавад.