Маълумоти охирин

ЮҒ

yugh

ЮҒ, чубест, ки ба гардани ҷуфти гов ниҳода, ба омоч, чигина, мола ва ғ. мебанданд. Ю. чуби чортарош ё гула буда, дарозиаш тақр. 2—3 м ва диаметраш 20—30 см мешавад. Дар охири дар ду тарафи он сурохие ҳаст, ки аз он ба таври вертикали юғлол (чубчаҳои дарозиашои 30—35 см, диаметрашон 2—2,5 см) мегузаронанд. Юғлолҳоро бар гардани говҳо андохта, бо юғлолбанд мебанданд. Одатан барои устувор кардани оҳанг қисми мобайни Ю.-ро тарошида бориктар мекунанд ва баъзан мехи чубин ё оҳанин мезананд.

М. Раҳимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …