Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Перес де Куэляр

Перес де Куэляр

Перес де Куэляр (Perez de Cuellar) Хавер (таваллудаш 1920, Лима, Перу), котиби генералии ТДМ (аз 1 январи 1982). Факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии католикии Лимаро хатм намудааст. Аз соли 1944 дар корҳои дипломатӣ. Солҳои 1944—1960 корманди сафоратхонаҳои Перу дар Франсия, Британияи Кабир, Боли­вия ва Бразилия.

Солҳои 1960—1969 директори департаментҳои юридикӣ ва протоколӣ, департаменти масъалаҳои сиёсӣ ва дипломатии ВКХ-и Перу, сафир дар Швейтсария, коти­би генералии ВКХ, ҷонишини вазири корҳои хориҷӣ буд. Солҳои 1969—1971 аввалин сафири Перу дар СССР ва Полша (дар як вақт), 1971—1975 намояндаи доимии Перу дар ТДМ. Минбаъд дар ТДМ як қатор вазифаҳои масъул, аз ҷумла ҷонишини котиби генералии ТДМ оид ба масъалаҳои махсуси сиёсиро дар уҳда дошт. Муаллифи як қатор асарҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва сиёсати берунии Перу. 15 декабри 1981 Ассамблеяи Гене­ралии ТДМ тавсияи Совети Амниятро дар бораи ба вазифаи котиби генералии ТДМ таъин намудани Перес де Кулэляр тасдиқ кард.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …