СУҲАЙЛӢ Низомуддин Аҳмад маъруф ба Амир Шайхам (1444—1502), шоири форс-тоҷик, ходими давлатӣ. Дар Хуросон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз бачагӣ шеър мегуфт. Суҳайлӣ ба қавли Давлатшоҳи Самарқандӣ («Тазкират-уш-шуаро») шагирди Шайх Озарӣ буд ва бо тавсияи ӯ «Суҳайлӣ» тахаллус кард. Ба забонҳон ӯзбакӣ ҳам шеър гуфтааст. Дар ҳар ду забон ҳам девон доштааст, ки асосан аз ғазал фароҳам омадаанд. Суҳайлӣ бо унвони «Лайлӣ ва Маҷнун» (1484) достоне низ навиштааст, ки нусхаҳои даст- нависи он дар китобхонаҳои Бодлеан ва Оксфорд маҳфузанд. С. Воҳидов.
Tags Ходими давлатӣ Шахсони машҳур шоир
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …