ТЕННИС, лаун-теилис (англисӣ — марғзор, алафзор ва tennis, эҳтимол, аз Фоавсавӣ tеnеz — апа ба шумо, бигиред), як навъ бозии спортист. Ҳариф бо ракетка тӯбчаро мезанад ва аз болои садди тӯрӣ метузаронад, ҳарифи дигар онро ба ракетка бармегардонад. Агар тӯпча ба замин афтад, ҳарифе, ки зада гардонда натавонист, бохта ҳисоб мешавад.
Бозӣ дар майдончаи махсус (Корт)-и хоку регдор, мумфарш, бетон, тахтагин, алафзор ва ғайра гузаронида мешавад. Масоҳати умумии корт 40x 20 м, баландии садди тӯрӣ тақрибан 1 метр Вазни ракетка аэ 250— 340 то 340—400 г. Тӯбчаи резинӣ, одатан 56,7 г вазн дошта, диаметраш 6,35—6,67 см аст. Дар мусобиқаҳои теннис аз ду тараф яккасӣ ё худ аз ду тараф дукасӣ, мардон ва ё занон иштирок макунанд. Баъзан дар ҳар тараф як зан на як мард низ бозӣ мекунанд. Чемпионати якуми теннисбозони СССР соли 1924 баргузор шуда буд.
Дар РСС Тоҷикистон тенис баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба расмият даромад ва аз солҳои 60 мунтазам инкишоф ёфт. Соли 1948 дар республика федерацияи тенис ташкил шуд. Дар Душанбе 2 мантаби махсуси спортӣ мавҷуд аст, ки шӯъбаҳои тенис дорад.