САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш сурх, болу думаш сиёҳ. Дар миёнаи болаш холи зард ва дар интиҳои болу думаш холи сафед дорад; тахтапушт ва китфаш хокистарранги сурхчатоб; шикамаш сафед. Нӯлаш гулобитоб. Дар Европа, Осиёи Ғарбӣ, Африкаи Шимолу Ғарбӣ, дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (аз сарҳади ғарбӣ то дарёи Енисей) паҳн шудааст. 20 зернамудаш маълум аст.
Аз онҳо дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 10 зернамудаш зиндагӣ мекунад. Дар Тоҷикистон як зернамудаш (Сагйиенз сап1зерз зиЬ- сап1зерз) дар нишебиҳои кӯҳҳо, дар ҷойҳое, ки дарахту буттаҳо зич месабзанд (аз 1000—1100 то 2800— 3000 метр аз сатҳи баҳр; ба ғайр аз мавзеъҳои пасту баландкӯҳҳо ва Помир) дида мешавад. Паррандаи майда, андозааш 0—9,5 сантиметр. Дар шохи дарахту буттаҳо лона сохта, 3—5 дона тухм мегузорад. Баъди 12—13 шаборӯз аз тухм чӯҷа мебарояд. Чӯҷаҳояшро бо ҳашарот парвариш мекунад. Ғизои парандаи болиғ тухми растаниҳост. Саъба паррандаи фоиданок аст. Вай тухми алафҳои бегона ва ҳашароти зараррасонро нест мекунад. Халқи маҳаллӣ аз давраҳои қадим Саъбаро чун паррандаи хушхон дар қафасҳо нигоҳ медорад.
2 СагёиеПз зртиз (расми 2), дарозии танаш қариб 12 сантиметр, . Расми 2. ранги парҳояш сабзи зардтоб. Дар Евросиё паҳн шудааст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дар зонаҳои дарахтҳои сӯзанбарг, бешаҳои Қриму Кавказ ва ғайра дида мешавад. Зимистон тӯда-тӯда шуда ба водиҳои серҷангали дарёҳо мекӯчад. Ба Тоҷикистон баъзан зимистон омада, моҳҳои апрел—март боз меравад. Дар шохи дарахтҳо лона сохта, 4—5 дона тухм мегузорад. Баъди 12 шаборӯз аз тухм чӯҷа мебарояд. Тухми растаниҳо, ширинча ва дигар ҳашароти майдаро мехӯрад.
Адабиёт: Портепко А. А., Птицы Союза Советских Социалистических Республик СССР, часть 4, Москва 1960; Абдусалямов И. А., Фауна Таджикской Советской Социалистической Республики , том 19. часть 3, Птицы, Душанбе 1977. И. А. Абдусаломов.