Маълумоти охирин

САРАХС

САРАХС – яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна буда, димнаи он дар соҳили дарёи Таҷан (Ҳарируд) (территорияи Туркманистон) воқеъ аст. Дар димнаи Сарахс аз солҳои 1950 асри 20 ҳафриёти археологӣ гузаронида мешавад.

мақбараи Абулфазл (асри 11)
Мақбараи Абулфазл (асри 11)

Сарахс дар осори хаттӣ аз асрҳои аввали милод маълум аст. Мувофиқи ахбори муаррихи арабизабони асри 9— Абӯҳанифаи Диноварӣ, аҳолии шаҳр дар шӯриши Абӯмуслим фаъолона иштирок кардааст. Сарахс дар аҳди Сомониён ба дараҷаи баланди тараққиёт расида, ба яке аз шаҳрҳои сераҳолӣ, маркази иқтисодию сиёсии Хуросон табдил ёфт.

Макон дар харита

Шаҳри “Сарахс” ба куҳандиз, шаҳристон ва работ тақсим шуда, бозорҳои калони шаҳр дар работ ҷойгир шуда буданд. Маълумотҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки Сарахс дар асрҳои11—12 ҳам инкишоф ёфтааст. Яке аз ҳокимони давлати Хоразмшоҳиён Султоншоҳ (солҳои ҳукмрон 1172—1193) соли 1172 Сарахсро ба даст даровард. Асрҳои 14—15 дар ҳайати давлати Темуриён буд. Дар ибтидои асри 16 Сарахсро Шайбонихон истило намуда, дар ин ҷо бо номи худ пули нуқра сикка зад. Шаҳр минбаъд рӯ ба таназзул ниҳода, ба хароба табдил ёфт. Аз ёдгориҳои меъмории Сарахс мақбараи Абулфазл (асри 11) ҳоло ҳам барҷост.

Адабиёт: Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, Москва, 1972;  Негматов Н. Н., Государство Саманидов, Душанбе, 1977. А. Валиев.

Инчунин кобед

khuroka-10

Хӯрокҳои узбекӣ

Ошхонаи ӯзбекӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон хеле фарқ мекунад. Палав ва хӯрокҳои орд барои минтақаҳои …