Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РУСТАМБЕК

РУСТАМБЕК

РУСТАМБЕК (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1858), ҳокими Ӯротеппа (1848— 1849; 1852—1853; 1854—1858), писари Маҳмудбек бийи Хоҷа Аҳрорӣ. Маъхазҳои таърихии асри 19 сохтмони бисёр биноҳои шаҳри Ӯротеппа, аз он ҷумла Мадраса ва корвонсарой, ки ба номи ӯ мебошад, инчунин саломхона ва ҳаммомро ба Рустамбек нисбат медиҳанд. Яке аз гузарҳои шаҳри Ӯротеппа номи ӯро дошт. Дар сиёсати берунӣ Рустамбек ба хони Хӯқанд майл дошт ва сиёсаташ зидди амири Бухоро буд. Бинобар ин амири Бухоро Насруллоҳ (1826— 1860) соли 1858 шаҳри Ӯротеппаро ишғол карда, тамоми лашкари Рустамбекро cap зад. Худи Рустамбек низ кушта шуд.
Ад.: Мухторов А., Очерк истории Ура-Тюбииского владения в XIX в., Д., 1964. А. Мухторов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …