САМОЛЁТ, аппарати париши муҳаррику болдори вазнинтар аз ҳавоет, ки барои парвоз дар атмосфе¬ра таъин шудааст. Маъмултарин навъи аппарат париш буда, барои ҳамлу нақли пассажирон ва бор, корҳои ҳарбӣ ва вазифаҳои махсус истифода мешавад. Дар бораи таърихи инкишофи Самолётҳо ниг. Авиатсия. Аз рӯи вазифа Сасолётҳо гражданӣ ва ҳарбӣ мешаванд. Навъҳои асосии Самолёти гражданӣ чунинанд: нақлистӣ (пассажирӣ, боркашон), санитарӣ, спортӣ, таълимию машқӣ, хоҷагии қишлоқ ва махсус (разведкаи геологӣ, тадқиқоти илмӣ, аэрофотосуратгирӣ ва ғайра).
Самолётҳои ҳарбӣ барои несту нобуд кардани ҳадафҳои ҳавоӣ, рӯизаминӣ (баҳрӣ) ё барои иҷрои дигар вазифаҳои ҷангӣ истифода шуда, ба чунин навъҳо ҷудо мешаванд: Самолётҳои қиркунанда, қиркунандаи бомбаандоз, бомбаандоз, разведкавӣ, нақлиётӣ, алоқа ва сани¬тарӣ. Самолётҳо мувофиқи сохт, шакл ва адади ин ё он қисмҳои асосии худ тасниф карда мешавапд. Самолётҳои муқаррарии зозира аз чунин қисмҳои асосии конструктивӣ иборатанд: бол (қанот), фюзеляж, думбол (парҳои думӣ), дастгоҳи қувва, шасси, системаи идоракунӣ ва барои Самолётҳои ҳарбӣ инчунин таҷҳизоту аслиҳаи гуногун.
Бол — қисми муҳимтарини Самолёт бу¬да, ҳангоми бо суръати муайян ҳаракат кардани Самолёт қувваи болобардорро ба вуҷуд меорад. Ғайр аз ин дар бол як қисми бор ва асообу аслиҳа, аз ҷумла, зарфҳои сӯзишвориро ҷойгир кардан мумкин аст. Бобаста ба адади болҳо Самолётҳои якқанота (моно¬план), дуқанота (биплан) ва якунимқанота (яке аз болҳо назар ба дигараш хурдтар аст) мавҷуданд. Волҳои бипланро болоиҳам месо¬занд. Бипланҳо назар ба мокоплапҳо манёврноктар бошанд ҳам, муҳокимати аэродинамикии калон дораид, ки суръати Самолёт ро кам мекунад. Бинобар ин аксари Самолётҳои ҳарбӣ барои несту нобуд кардани ҳадафҳои ҳавоӣ, рӯизаминӣ (баҳрӣ) ё барон иҷрои дигар вазифаҳои ҷангӣ истифода шуда, ба чунин навъҳо ҷудо мешаванд: Самолётҳои қиркунанда, қиркунандаи бомбаандоз, бомбаандоз, разведкавӣ, нақлиётӣ, алоқа ва сани¬тарӣ. Самолётҳо мувофиқи сохт, шакл ва адади ин ё он қисмҳои асосии худ тасниф карда мешавапд. Самолётҳои муқаррарии ҳозира аз чунин қисмҳои асосии конструктивӣ иборатанд: бол (капот), фюзеляж, думбол (парҳои думӣ), дастгоҳи қувва, шасси, системаи идоракунӣ ва барои Самолётҳои ҳарбӣ инчунин таҷхизоту аслиҳаи гуногун.
Ад.: Ҳ о ҷ и е в А. Д., Асосҳои ҳавопаймоӣ, Д., 1962; Шульженко М. Н.; Конструкция самолетов, 3 над., М., 197-1; Никитин Г. А., Баканов Е. А., Основы авиации, М., 1972.
А. Ҳоҷиев.