Маълумоти охирин

ШИРДОН

shirdon

ШИРДОН, қисми охири меъдаи ҳайвоноти жовандаро гуянд. Меъдаи ҳайвонот ғайр аз Ш. ба қисмҳои шикамба, тур ва ҳазорхона тақсим мешавад, ки ғадуд надоранд. Ш. дорои ғадуд буда, ба меъдаи оддии бисёр ширхурҳо монанд аст. Шакли Ш. нокмонанд мебошад; қисми ғафси он ба ҳазорхона ва ҷои борикаш ба рудаи дувоздаҳангушта пайваст аст. Ғизо ба Ш. аз ҳазорхона омада, бо таъсири шираи меъда ҳазм мешавад. Шираи меъдаи ҳайвонот ферментҳои пепсин, химозин, липаза, инчунин кислотаи гирдогенхлорид дорад. Химозин дар шираи меъдаи ҳайвонҳо бештар аст. Вобаста ба синну сол микдори кислотаи гидрогенхлорид дар ҳайвонот тақр. 0,12—0,46% тағйир меёбад.

Г. Н. Шахматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …