Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Сулолаи САФФОРИЁН

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон аз арабҳо роли калон бозида, давлати Саффориёнро ташкил карданд. Асосгузораш деҳқонбачаҳои систонӣ Яъкуб ибни Лайс ва баро- даронаш Амр, Тоҳир ва Алӣ. Яъқуб дар шаҳри Заранҷа чанд вақт шогирди саффор (мисгар) буд, ки номи сулола аз ҳамин ҷост. Бародароваш дар хизмати қӯшуни хилофат буданд. Баъди даъват шуданаш Яъқуб низ дар хизмати ҳарбӣ шӯҳрат пайдо карда, сардори ҳарбӣ ва соҳибмулки маҳаллиро аз амал дур кард ва соли 861 амири Систон шуд. Ӯ ба дастгирии сипоҳиёни худ такя карда, аз итоати халифа сар кашид ва то соли 873 тамоми Эрони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, қисман территорияи Афғонистони ҳозираро забт кард. Соли 875 ба муқобили халифаи Бағдод лашкар кашид, вале дар муҳориба шикаст хӯрда, қисми зиёди мулкашро аз даст дод ва соли 879 вафот кард. Баъди вафоти ӯ бародараш Амр (879—900) худро волии халифа эълон намуда, кӯшиш кард, ки мулкҳои Исмоили Сомониро зери даст кунад, вале ин кор ба ӯ муяссар нашуд ва соли 902 ба қатл расид. Мулкҳои Саффориён байни солҳои 900 ва 908 ба давлати Сомониён ҳамроҳ шуд. Саффориён чун вассалҳои Сомониён дар Систон то ибтидои асри 14 дар сарчашмаҳо ба назар расанд ҳам онҳо мавқеи намоёни сиёсӣ надоштанд. Н. Неъматов.

Инчунин кобед

Курсии Сақатшуда

САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ

САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ (ба забони русӣ – “брак” ), дар ҳуқуқи советӣ маҳсулотест, ки ба стандарт, шарти …