Маълумоти охирин

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва дигар моддаҳи ғайриорганикӣ ва пухтан ҳосил мешавад. Ҳамираи Сафол баъди пухтан сифатан тағйир ёфта, ба материали хӯби силикатӣ табдил ме- ёбад. Сафол дар рӯзгор (зарфиёт), сохтмон (хишт, сафоли бомпӯш, нова, сафолтахта, кошӣ, ҷузъҳои муҷассамаҳо), техника, нақлиёти обию ҳавоӣ ва роҳи оҳан, санъати ороиши амалӣ ва ҳайкалтарошӣ бисёр истифода мешавад. Навъу намудҳои гуногуни Сафол мавҷуд аст: гили сӯхта, маснуоти кулолӣ, мино, чинии хом (фағфурӣ), чинӣ, хокасанг.

safol
Очерки таърихӣ. Аввалин намунаҳои маснуоти сафолӣ дар давраи палеолити боло пайдо шудаанд. Аз гил тайёр кардани зарфҳоро одамон дар давраи неолит (ҳазораи 6 то милод) аз худ намуданд. Минбаъд санъати кулолӣ пеш рафт ва намудҳои нави софолот ба вуҷуд омад. Нахустин маснуоти сафоли дар марказҳои қадимтарини зироаткорӣ, аз ҷумла ҳудуди Осиёи Хурд, Эрон сохта шудаанд (ҳазораи 7 то милод). Дар Осиёи Миёна қадимтарин намунаҳои маснуоти Сафолӣ дар қабати поёнии мағораи Ҷабал, ки мансуби маданияти Ҷайтун аст (Туркманистони ҳозира) пайдо шудааст. Қадимтарин намунаҳои Сафол дурушту соддаанд. Аз ҳазо- раи 6 то милод Сафоли мунаққаш маъмул шуд. Истеҳсоли чунин маснуот боиси мураккабии технологияи тайёр кардани маҳсулот ва пухтани он гардид. Шакли маснуот мукаммал шуд, ба таркиби гил хамираи дигар моддаҳо минералҳо ва омехтаи растанӣ, ки баъди хушконидан Сафолро мустаҳкам мекард, ҳамроҳ мекарданд. Дар ҳазораҳои 4—2 то милод Сафол дар ноҳияҳои Байнаннаҳрайн, Эрон, Осиёи Миёна, ва Хитой интишор ёфт. Дар қисми ҷанубии шарқии Европа маданияти Кукутенитполия паҳн шуд. Андозаву ҳаҷм, нақшунигор ва тасвирҳои маснуоти Сафоли ҳазораҳои 4— 3 то милод гуногунанд. Услуби нигориши ҳайвонот, ки ои дорои композисияи мукаммал буд (масалан, дар Эрон), маъмул гардид. Махсусан бозёфтҳои Сафолии ҷануби Туркманистон пурқиматанд. Технологияи истеҳсоли маснуоти Сафолии муттасил такмил меёфт. Дар ҳазораи 6 то милод дар Байнаннаҳрайни Шимолӣ ҳумдонҳои қадими кулолӣ (дар Яримтеппа) мавҷуд буданд. Дар ҳазораҳои 5—2 то милод хумдонҳои кулолӣ дар ноҳияҳои Шарқи Миёна ва Наздик паҳн шуданд (нигаред, Кулолӣ). Барои пухтани Сафол дар ҳазораи 4 то милод хумдонҳои якқабата ва аз нимаи ҳазораи 3 то милод хумдонҳои дуқабатаро истифода мебурданд. Пайдоиши маҳсулоти сирдор ба инкишофи Сафол таъсири калон расонид. Сирдавонӣ аввал дар заргарӣ, баъдтар дар сохтмон ва зарфҳои сафолӣ истифода мешуд. Тадқиқот нишон медиҳад, ки маҳсулоти сирдори қадим дар тар- кибаш ишқор доштааст. Дар ҳазораи 2 то милод Сафоли сирдор дар меъморӣ истифода гардид. Дар ҳазорам 1 то милод девори қасрҳои шоҳони Ошур, Эрон ва Бобул бо Сафоли сирдор — кошӣ оро меёфтанд. Дар маснуоти сирдори қадима одатан ранги осмонии сабзфом, фирӯзӣ ва зард бартарӣ дошт. Дар нимаи дуюми ҳазораи 1 то милод— нимаи якуми ҳазораи 1 мило давраи нави инкишофи истеҳсоли маснуоти Сафолӣ сар шуд. Ҳунармандони Юнон ангобҳои сурху сиёҳ, локҳои юнониро истифода бурда, дар ин кор ҳиссаи бу- зург гузоштанд. Тариқи истеҳсоли локҳои юнонӣ то охир ба мута- хассисон ифшо нагардидааст. Тадқиқи локҳои юнониён нишон дод, ки тарзу тайёр намудани онҳо гуногун буда, рангҳои минералӣ, баъзан хокистари махсуси растаниҳоро истифода мебурданд. Дар санъати кулолӣ истифода намудани лок барои инкишофи истеҳсоли Сафоли ангобӣ имконияти зиёд фароҳам овард. Намунаҳои зебо ва хушсифати маснуоти ангобӣ дар ёдгориҳои Хоразм, Порт ва Бохтар маъмул буданд. Комёбии дигари истеҳсоли Сафол истифодаи сири фирӯзаранг, сабзи фирӯзатоб ва зард, махсусан сири ишқордор буд. Маснуоти сирдор дар Ҳиндустон ва Осиёи Миёна низ истеҳсол мешуданд.
Давраи комилан нави инкишофи истеҳсоли маснуоти Сафолӣ ба асрҳои 8—11 рост меояд. Дар ин давр усули нави сирдавонӣ маъмул гардид. Ин усул ба истифодаи ангоби сафед, хокаи сурб ва нақшҳои мулавван асос ёфтааст. Барои рангубор ҷинсҳои минералӣ ва оксиди фулузот — оҳан, сурма, марганесро ба кор мебурданд. Равия ё мактабҳои гуногуни бо марказҳои истеҳсоли Сафол, алоқаманд дар Эрон (Нишопур, Кошон ва ғайра) ва Осиёи Миёна (Афросиёб, Марв, Хуталон, Истаравшаи) пайдо шуданд. Дар ин ҷо асрҳои 11—12 истифодаи кошӣ ба ҳукми анъана даромад. Аввал хиштҳоро сир меда- вонданд, ки намунаҳои нисбатан қадимаи он дар Мақбараи Султон Саодат (асри II) ва Манораи Калон (соли 1127) вомехӯранд. Аз асрҳои 13—14 саркарда, маснуоти сирдори Сафолӣ дар сохтмони биноҳои Шарқи Наздик ва Миёна, Осиёи Миёна маъмул гардид — мақбараи Баёнқулихон дар Бухоро (1358), мақбараи Муҳаммади Башоро дар Панҷакент (1342—43), силсилаи мақбараҳои Шоҳи Зинда, Биби- хоним, Оқсарой дар Самарқанд, мақбараи Аҳмади Ясавӣ дар Туркистон ва ғайра. Дар сарзамини Рус дар асри 10 усули сирдавонӣ пеш рафт. Баъди таназзули ҳокимияти муғулҳо дар ин сарзамин косибони рус ба истеҳсоли маснуоти Сафолӣ авҷи тоза бахшиданд. Дар асрҳои 14—15 Москва маркази калони истеҳсоли маснуоти Сафолӣ гардид. Аз асри 15 дар Европа истеҳсоли маснуоти Сафолӣ ба дигаргунӣ дучор шуд. Дар Италия хамираи силикатии гилин— фағфурӣ ихтироъ шуд, ки он ба инкишофи маҳсулоти сафолии бисёр мамлакатҳо асос гузошт. Дар Фаэнса, Сиена, Урбино, Губио ва ғайра марказҳои калони истеҳсоли маснуоти Сафолӣ ба вуҷуд омаданд. Дар Европа (асри 17) аз худ намудани технологияи нави чинӣ боиси инкишофи маснуоти сафолӣ гардид. Дар Россия (асри 17) устохонаҳои калони мануфактурӣ ва соли 1744 дар Петербург аввалин заводи давлатии чиниворӣ (ҳоло заводи ба номи М. В. Ломоносов) таъсис ёфт. Дар Осиёи Миёна равияҳои ба маҳал хоси истеҳсоли Сафол муттасил инкишоф меёфт. Дар асрҳои 18—19 марказҳои калон ва мактабҳои хоси истеҳсоли маснуоти Сафолӣ дар Самарқанд, Риштон, Ғиждувон, Бухоро, Шаҳрисабз, Тошкент, Хева, Хуҷанд, Қаратоғ ба авҷи инкишоф расида, моҳияти худро дар тӯли асрҳои 19—20 нигоҳ доштанд. Ҳоло кулолон ва офарандагони маснуоти Сафолӣ дар устохонаҳои ҳунар- мандӣ, артелҳо ва муассисаҳои ҳунармандии назди фонди бадеии рес публика муттаҳид шудаанд. Кулолӣ махсусан дар Чоркӯҳ, Исфара, Конибодом, Қаратоғ ва ғайра инкишоф ёфтааст. Ҳоло истеҳсоли маснуоти Сафолӣ (вобаста ба навъҳо, хусусиятҳои технологӣ, таъинот, сифати ороиши масолеҳи нави техникӣ, системаи истеҳсоли молҳои сермасриф) дар муассисаҳои калони механиконидашуда сурат мегирад.
Технологияи истеҳсолот. Офаридани маснуоти Сафолӣ просесси мураккаби технологӣ буда, тайёр кардани гилмоя, қолибгирӣ, ороиш ва пухтани онро дар бар мегирад. Ду навъи маснуотн Сафолӣ мавҷуд аст: зич (обгузарониаш на беш аз 5%) ва ковок. Сафол дурушт ва нафис (фаянс) мешавад. Сифати Сафол ба интихоби масолеҳ, коркарди ашёи хом, қолибгирӣ ва пухтани он вобаста аст. Барои офаридани маснуоти Сафолӣ гилмояи чандир мустаҳкам ва муво- фиқро (гили кулолӣ) интихоб менамоянд. Барои тайёр кардани гилмоя ҷинсҳои гуногун: рег, шамот, хокасанг, каолинҳо, кварс, омехтаи ордаҳои растаниро ба кор мебаранд. Дар натиҷаи майда кардан ва омехтани ин ҷинсҳо гилмоя ё хамираи тайёр ҳосил мешавад, ки баъд онро ба қолаб мерезанд. Дар замонҳои қадимтарин (маснуоти Сафолӣ бо ёрии қолабҳо сохта мешуд. Усули дигари офаридани маснуоти Сафолӣ дар шакли спирали ба ҳам часпонидани порчаҳои алоҳидаи гилмоя аст. Ин усул дар Америка, Африка, Ҳиндустон, Осиёи Миёна маълум буд. Иҳтирои чархи кулолӣ боиси самаранокии меҳнати ҳунармандон ва сарфа шудани вақти корӣ гардид. Сирдавонӣ, боиси баланд шудани сифат ва қимати бадеии маснуоти Сафолӣ гардид. Пухтан ва обутоб додан зинаи охирниг истеҳсоли маснуоти сафолист. Масолеҳ баъди пухтан сифатан беҳ мешавад. Оби гил хориҷ шуда, ҷинсҳои таркиби гилмоя шакл ва хосияти худро дигар мекунанд. Таркиби гилмоя тағйир меёбад, ҷудошавии карбон, обхориҷкунии гидрослюдаҳо, дигаргуншавии масолеҳи кварси, фазаҳои муллит, анортит ва ғайра ба вуқӯъ меояд. Обутоо ёфтани маснуоти Сафоли ба просесси пухтани гилмоя, таркиби химиявӣ, ҳарорат ва риояи режими тафсонидани хумдон вобаста аст. Зарфиёти муқаррариро одатан дар ҳарорати 950″, хиштро дар 2000° обутоб медиҳанд. Барои пухтани маснуоти Сафолӣ инчунин риояи режим, яъне ба инобат гирифтани шароит, тобоварӣ, тадриҷан баланд кардани ҳарорат низ шарти муҳим аст. Аввал маснуоти Сафолиро дар оташдонҳои муқаррарӣ мепухтанд. Ихтирои хумдон комёбии бузурги истеҳсоли маснуоти Сафолӣ буд. Хумдонҳои Сафол-пазӣ просесси мураккаби таърихиро аз сар гузарондааст. Вобаста ба андоза ва тарзи ҳаракати аланга хумдонҳои гуногун ба вуҷуд ома- данд. Дар иншооти техникии замонавӣ пухтани Сафол вобаста ба хусусиятҳои ашёи хом, гилмоя, ҳарорат, сифати маснуот ва ғайра дар асоси ҳисобу китоби дақиқ ба роҳ монда шудааст. Дар шароити ҳозира барои пухтани маснуоти Сафолӣ хумдонҳои муқаррарии якқабатаю дуқабата, хумдонҳои газӣ, мудаввар ва қубуршаклро истифода мебаранд. Солҳои охир навъҳои гуногуни маснуоти Сафолӣ меафаояд, усулҳои технологӣ ва заминаи техникии истеҳсоли он такмил меёбад.
Адабиёт: Кверфельд Э. К.. Керамика Ближнего Востока, Ленинград, 1947; А в гу с т и н и к А. И., Керамика, Москва, 1957; П е щ е р е в а Е. М., Гончагрное производство Средней Азии, Москва—Ленинград, 1957; Р а х и м о в М. К., Художественная керамика Узбе- кистана, Ташкент, 1961; Сайко Э. В., Историл технологии керамического ремесла Средней Азии VIII—XII веков., Душанбе, 1966; В у л а в и н II. Л. Теплотехника в производстве фарфора и фаянса, Москва, 1977. Э. В. Сайко.

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.