Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулбоқии Табрезӣ

Абдулбоқии Табрезӣ

Абдулбоқии Табрезӣ (соли таваллудаш номаълум – 1681), хаттоти эронӣ (асри 17). Давраи ҷавониаш дар зодгоҳаш Табрез гузаштааст. Баъд барои касби камол ба Бағдод рафта, бо китобат машғул шудааст.

Дар навиштани хатҳои сулс, насх, риқоъ ва ғайра устод будааст. Аз осори ӯ катибаҳои масҷиди Шоҳ Сулаймон (шаҳри Исфаҳон) боқӣ мондааст, Бо тахаллуси «Боқӣ» шеър низ месурудааст. Аз ашъори ӯ чизе дастрас нест.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …