Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУСҲАФӢ Ғуломи Ҳамадонӣ

МУСҲАФӢ Ғуломи Ҳамадонӣ

personМУСҲАФӢ Ғуломи Ҳамадонӣ (тақрибан 1750, шаҳри Амроҳа —1824), шоири ҳинду. Ба забонҳои урду ва форсӣ менавишт. Ба ӯ 8 девони ашъорро нисбат додаанд. Ғазал, қасида ва маснавиҳояш дар мавзӯъҳои анъанавӣ эҷод шудаанд. Мусҳафӣ ҳамчун устоди шеър шӯҳрат дорад. Ғазалҳояш рангоранг, услуб ва забонаш содда. Мусҳафӣ муҳаққиқи таърихи адабиёт низ мебошад. Аз ӯ ду тазкира боқӣ мондааст: «Тазкираи ҳиндӣ» ва «Риёз-ул-фусаҳо». Асари сеюми Мусҳафӣ— «Икди Сурайё» низ тазкирамонанд буда, шарҳи ҳоли шоирони форсизабони Ҳиндустонро дар бар мегирад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …