МИНСК, шаҳри қаҳрамон, пойтахти РССБ, маркази вил. Минск. Яке аз калонтарин марказҳои саноати, маданӣ ва илмии СССР. Узели муҳими роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгарду ҳавоӣ. Дар ҳар ду соҳили д. Свислочь (ҳавзаи Днепр), дар баландии 200—220 м аз соҳили баҳр воқеъ гардидааст. Масоҳаташ 176 км2. Ҳаророрати миёнаи январ —6|99С, июль …
Муфассал »МИНОРСКИП
МИНОРСКИП Владимир Фёдорович (5. 02. 1877, Корчевж лаби Волга — 25. 03. 1966, Кембржч), шарқшиноси рус. Фақат ҳуқуқшиносии Университети Москва (1900) ва Ин-ти забонҳои шарқии Лазарев (1903) -ро хатм кардааст. Аз соли 1903 дар Вазорати корҳои хориҷии Россия (асосан дар корҳои дипломатӣ дар Туркия ва Эрон) хизмат кардааст. Пас аз …
Муфассал »МИНОРИ
МИНОРИ (аз лот. minor — хурдтар) тартиби к-уми матрица, муайянкунандаест, ки аз элементҳои дар буришгоҳи к-то сатру к-то сутуни мунтахаб воқеъбуда, таркиб ёфтааст. Чунончӣ, муайянкунандаи Минори тартиби дуюми матрицаи мебошад, ки аз элементҳои дар буришгоҳи сатрҳои якуму чорум ва сутунҳои дуюму сеюм воқеъбудаи ин матрица тартиб дода шудааст. Минории муайянкунаяда …
Муфассал »МИНОНОСЕЦ
МИНОНОСЕЦ, минакаш, навъе аз киштиҳои ҳарбист, ки барои тавассути торпедаҳо маҳв намудани киштиҳои душман таъин шудааст. Миноносец бори аввал соли 1863 дар Ҷанги гражданӣ дар ШМА истифода шуд. Аввалин Миноносеци баҳрии Россия «Взрыв», ки зарфияташ 160 т, суръати гашташ 12,3 узел буда, бо 1 аппарати торпедаандозӣ зериобӣ мусаллаҳ буд, соли …
Муфассал »МИНОМЕТ
МИНОМЕТ (аз мина ва русӣ метать— партофтан, даво додан), минапаррон, яке аз аслиҳаҳои артиллерии суфтамила. Барои монеаҳои табииро бартараф карда, аз боло ба душман партофтани минаҳо истифода бурда мешавад. Миномет барои носту нобуд кардани қувваҳои дар майдони кушод ва хандақҳо будан душман ва инчунин барои торумори воситаҳои оташфишони он таъин …
Муфассал »МИНОВӢ
МИНОВӢ Муҷтабо (1900, Теҳрон —1975, ҳамон ҷо), адабиётшиноси эронӣ. Дорулмуаллимини олии ш. Теҳронро хатм кардааст. Аввалҳо муаллим буд. Солҳои 1929— 30 роҳбарии студентони эрониро дар Париж ва Лондон ба ӯҳда дошт. Пас аз чанд сол ба Эрон баргашт ва соли 1936 боа ба Лондон рафт ва қариб чор сол он …
Муфассал »МИНО
МИНО, маяк, иншиооти сигналдиҳандаи манорашаклест, ки бо роҳи афканиши рӯшноӣ, мавҷҳои садо ё радиомавҷҳо бехатарии ҳаракати самолёту киштиҳоро таъмин мекунад ва онҳоро аз роҳгум задан эмин медорад. Барои раҳамоӣ ба киштиҳо (дар баҳрҳо) дар ҷои намоёии соҳил манора сохта, дар болои он танвираи пуриқтидор (лампаҳои электри, ацетилена ё карасинӣ) мегузаронанд. …
Муфассал »МИНО
МИНО, гули мино (Cosmos), гиёҳҳои як ва бисёрсолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Мино дар шароити Тоҷикистон гули яксола аст. Дар дунё 4 намуди Мино маълум буда, дар Америкаи тропикӣ мерӯяд. Мино дар бисёр давлатҳо гули маъмул аст. Ду намуди онро (С. bipinnatus, С. sulphureus) дар Тоҷикистон аз соли 1940 парвариш мекунанд. …
Муфассал »МИНО
МИНО, сир, 1) моддаи ҷилодори рангин, ки барои андудани рӯи хишт, сафол, зарфиёт, ороишот ва ғ. истифода мешавад. Мино ашёро аз афсурдашавӣ, таъсири гармову сармо, ишқору туршиҳо эмин дошта, зоҳиран дилкашу назаррабо мегардонад. Мино таърихи чандҳазорсола дорад. Ашёи бинокории Мисри Қадим, Бобулистон шоҳиди ин ақидаанд. Дар Осиёи Миёна низ аз …
Муфассал »МИННЕАПОЛИС
МИННЕАПОЛИС (Minneapolis), шаҳрест дар шим. ШМА. Дар шт. Миннесота, дар ду соҳили д. Миссисипи воқеъ аст. Аҳолиаш 378 ҳазор нафар (1975), бо ш. Сент-Пол, ки амалан бо Миннеаполис як шудааст, зиёда аз 1,8 млн нафар Маркази муҳими молия ва нақлиёту тиҷорати қисми шим. ғарбии мамлакат, шаҳри калони саноатӣ. Саноати орд, …
Муфассал »