Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИНСК

МИНСК

minskМИНСК, шаҳри қаҳрамон, пойтахти РССБ, маркази вил. Минск. Яке аз калонтарин марказҳои саноати, маданӣ ва илмии СССР. Узели муҳими роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгарду ҳавоӣ. Дар ҳар ду соҳили д. Свислочь (ҳавзаи Днепр), дар баландии 200—220 м аз соҳили баҳр воқеъ гардидааст. Масоҳаташ 176 км2. Ҳаророрати миёнаи январ —6|99С, июль 17ЛС. Боришоти со­лона 646 мм. Аҳолияш 1347 ҳазор нафар (1981). Минск 9 районӣ шаҳрӣ до­рад.

Соҳаи асосии саноати Минск— мошинсозӣ ва коркарди металл (қариб 60%-и истеҳсоли саноатии Белорус­сия); заводҳои трактор, автомобил, мо­тор, 2 заводи дастгоҳдозӣ, заводҳои под­шипник, яхдон, электротехникӣ, таҷҳизоти гармкунанда, ҳисобмошини электронӣ, асбобсозӣ ва ғ. Инчунин саноати сабук (комбинатҳои камволу моҳути маҳиннах, з-ди чарм, трико­таж, дӯзандагӣ ва диг. корхонаҳо), хӯрокворӣ (комбинатҳои гӯшт, шир, фабрикаҳои қаннодӣ, заводҳои пиво, маргарин, нон ва ғ. масолеҳи бинокорӣ (заводҳои гаҷ чинӣ, хонасозӣ, комбинатҳои масолеҳи бинокорӣ ва қисмҳои калонблокӣ бинокорӣ), химия (заводҳои препарати тиббӣ ва эндокринӣ, локуранг), мебел, полиграфӣ низ ривоҷ ёфтааст ТЭЦ, ки бо системаи энергетикии Белоруссия пайваст аст, базаи энергетикии Минск мебошад. Дар шаҳр метро сохта шуда истодааст, ки он соли 1981 ба кор cap мекунад.

Дар Минск 15 мактаби олӣ (аз ҷумла университети давлатӣ, институтҳои политеханкӣ, хоҷагии халқ, механиконии хоҷагии қишлоқ технологӣ), АФ РССБ (27 институти тадқиқоти илмӣ дорад), 29 омӯзишгоҳ касбҳои техникӣ, 22 мактаби миёнаи махсус, Китобхонаи давлатии ба номи М. Горький, Китобхонаи АФ РССБ ба номи Я. Колас, 6 театр, 8 музей воқеъ гаштаанд. Дар шаҳр 119 журнал, 11 газетаи республикавӣ, газетаҳои вилоятии «Минская правда» ва шаҳрии «Вечерний Минск» нашр мешаванд. Минск чанд нашриёт дорад.

Аз ёдгориҳои меъморӣ ибодатхонаҳои бернардинҳо ва калисои Петропавловская (асри 17) боқӣ мондаанд.

Минск бори аввал дар солномаи 1067 ҳамчун қалъаи князии Полоцк зикр ёфтааст. Аз асри 12 маркази князии Минск, аз асри 14 дар ҳайати Князии бузурги Литва, аз асри 16 маркази воеводаи Минск. Мувофиқи тақсимоти 2-юми Речь Посполитая (1793) Минск дар ҳайати империяи Россия буд, аз соли 1796 маркази губернили Минск. Солҳои 70 асри 19 дар Минск кружокҳои халқчиёи, солҳои 80 кружокҳои марксистӣ ба вучуд омаданд. 1—3 карта 1898 дар Минск Съезди 1-уми РСДРП,

1900 Съезди муттаҳидкунандаи со­циал-демократии Польша ва Литва баргузор гардиданд. Аз октябри 1915 «дар М. ҳамчун шаҳри наздифронтӣ штаби фронтӣ Ғарбӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳарбӣ қарор гирифта буданд. 25 октябри (7 ноябр) 1917 дар шаҳр Ҳокимияти Советӣ ғалаба кард. Аз феврали то 10 декабри 1918 М. дар дасти қӯшунҳои немис буд. Баъди ташкил ёфтани 1РОСБ (1 январи 1919) М. пойтахти республика шуд. Аз 8 августи 1919 то 11 июли 1920 шаҳр дар тасарруфи қӯшунҳои Польшаи буржуазӣ буд. Дар солҳои сохтмони социалистӣ М. ба маркази азими саноатӣ, илмӣ ва мадании Белоруссия табдил ёфт. Аз 28 июни 1941 то 3 июли 1944 шаҳр дар дасти фашистони истилогар буд. Сарфи назар аз террори фашистон дар шаҳр коми­тетон шаҳрӣ ва районии ПК (б) Б амал мекарданд, г-ҳои «Звязда», «Мивский большевик» пинҳонӣ нашр мешуданд. Истилогарон дар М. ва районҳой бо ои ҳамсоя зиёда аз 300 ҳазор касро несту нобуд карда, шаҳрро ба харобазор табдил доданд. Солҳои 1946—50 М. аз нав барқарор карда шуд. М. торафт ободу зебо мешавад. Солҳои 50-—60 дар ин ҷо майдонҳои Ленин, Марказӣ, Ғалаба, Яқуб Колас, инчунин биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла бинои КМ ПКБ, банки давлатӣ, қасри спорт, меҳмонхонаи «Юби­лейная» ба вуҷуд омаданд. Район­ҳои калони истиқоматии Чижовка, Серебрянка, Шарқ бунёд ёфтанд.

Ба М. ордени Ленин (3 декабри 1966) ва унвони фахрии «Шаҳри қаҳрамон» (26 июни 1974) дода шудааст.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …