РЕВОЛЮТСИЯИ КАБИРИ ФРАНСИЯ, революстияи буржуазию демократии солҳои 1789—94 дар Франсия, ки ба сохти феодалии мутлақият зарбаи ҳалокатовар расонда, барои инкишофи капитализм замина тайёр намуд. Буржуазия — синфи пешқадам ва револютсионии он замон сарвари мубориза буд. Сабаби асосии Револютсияи Кабири Франсия бӯҳрони бузурги саноатии соли 1787 ва инчунин қаҳтие буд, ки боиси гуруснагии сахт гардид. Солҳои 1788— 89 дар мамлакат вазъияти револютсионӣ ба амал омад. Шӯришҳои деҳқонон, ки як қатор музофотҳои Франсияро фаро мегирифтанд, бо хуруҷҳои табақаҳои поёнии шаҳрҳо меомехтанд. Мутлақият бо усулҳои кӯҳна мавқеашро нигоҳ дошта натавониста, маҷбур шуд гузаштҳо кунад. 5 маи-1789 дар Версал маҷлиси Штатҳои генералӣ кушода шуд. 17 июни 1789 маҷлиси депутатҳои табақаи сеюм худро Маҷлиси миллӣ ва 9 июл Маҷлиси муассисон эълон кард. Тайёрии ошкорои аҳли дарбор барои барҳам додани Маҷлиси муас-сисон боиси шӯриши умумихалқӣ дар Париж (13—14 июл) гардид.
Дар давраи якуми револютсия (14 июли 1789—10 августи 1792) халқи шӯришбардошта қалъаи Бастилияро, ки рамзи мутлақияти Франсия буд, ишғол намуд (14 июл). Ишғоли Бастилия ғалабаи аввалини халқи шӯришбардошта, ибтидои Револютсияи Кабири Франсия буд. Шоҳ маҷбур шуд револютсияро эътироф кунад. Минбаъд револютсия тамоми мамлакатро фаро гирифт. Дар шаҳрҳо халқ органҳои ҳокимияти кӯҳнаро бо органҳои мунисипалии буржуазии нав иваз кард. Буржуазия дар Париж ва шаҳрҳои музо-фотҳо қувваҳои мусаллаҳи худ — Гвардияи миллиро ташкил дод. Ба-робари ин дар бисёр музофотҳо (хусусан дар Дофин, Франш — Конт, Элзас ва ғайра) шӯришҳои хеле калони деҳқонон ба амал омаданд. Вале аз самараи револютсия на ҳамаи табақаи сеюм, ҳатто на ҳамаи буржуазия, балки танҳо буржуазияи калон ва ҳамсафи он — дворянҳои либералӣ баҳравар шуданд. Бинобар он давраи якуми револютсия давраи ҳукмронии буржуазияи калон буда, қонунгузорӣ ва сиёсати Маҷлиси муассисон манфиати онҳоро ифода мекарданд. Буржуазияи калон дар масъалаи асосии револютсия — масъалаи аграрӣ ва барҳам додани маҷбурияти феодалӣ, ки талаби асосии деҳқонон буд, қатъиян муқобил баромад. Сиёсати зиддидемократии буржуазияи калон, ки аз табақаи сеюм ҷудо шуда, ба қувваи кон-сервативӣ табдил ёфта буд, норозигии ҷиддии деҳқонон, табақаҳои поёнӣ ва қисми демократии буржуазияро ба амал овард. Хуруҷҳои деҳқонон баҳори 1790 аз нав авҷ гирифт. Бадшавии шароити озу-қаворӣ дар Париж, нақшаҳои зиддиреволютсионии тарафдорони дарбори шоҳ халқи Парижро водор намуд, ки 5—6 октябри 1789 ба сӯи Версал юриш кунад. Дахолати халқ нақшаҳои зиддиреволютсиониро барбод дода, Маҷлиси муассисон ва шоҳро маҷбур сохт, ки аз Версал ба Париж кӯчанд. Баробари клуби якоби-чиён дигар клубҳои револютсионию демократӣ — клубҳои корделерҳо, «Кружоки иҷтимоӣ» ва инчунин органҳои револютсионию демократӣ дар байни омма бештар нуфуз пайдо карданд.
Воқеаҳои Франсия ба қувваҳои пешқадами ҷамъиятии мамлакатҳои дигар таъсири калони револютсионӣ расонданд. Дар айни замон ба муқобили Франсияи револютсионӣ блокҳои зиддиреволютсионии давлатҳои феодалии Европа ва доираҳои бур-жуазию аъёну ашрофи Британияи Кабир амал мекарданд. Аз соли 1791 давлатҳои Европа бар зидди револютсияи Франсия ошкоро тайёрӣ медиданд. 20 апрели 1762 Франсия ба Австрия ҷанг эълон кард. Худи ҳамон сол Пруссия ва шоҳии Сардиния, соли 1793 Британияи Кабир, Нидерланд, Испания, шоҳии Неаполитан, давлатҳои германӣ ва ғайра ба Франсияи револютсионӣ ҷанг эълон намуданд. Аз аввали амалиёти ҷангӣ контрреволютсияи дохилӣ ва хориҷӣ забон як карданд. Хиёнати бисёр генералҳои армияи Франсия ба ин сарзамин зада даромадани таҷовузкорон ва баъдтар ба Париж ҳуҷум овардани онҳоро осон кард. Дар рафти ҳаракати пурзӯри ватандӯстонаи оммаи халқ, барои ҳимояи ватани револютсионӣ гурӯҳҳои ихтиёриён ташкил ёфтанд. Маҷлиси муассисон маҷбур шуд 11 июли 1762 «ватан зери ха-тар» эълон кунад. Ҳаракати зидди мутлақият 10 августи 1792 дар Париж ба шӯриши пуршиддати халқӣ табдил ёфта, Коммунаи Париж (9—10 август таъсис ёфта буд) роҳбари он гардид. Шӯриши ғалабаовар мутлақияти қариб 1000 сола ва буржуазияи дар сари ҳокимият истодаро сарнагун сохт. Ин ба ривоҷи минбаъдаи револютсия мусоидат кард.
Давраи дуюми револютсия 10 августи 1792—2 июни 1793) бо му-боризаи шадиди байни якобичиён-монтанярҳо ва жирондчиён муайян гашт. Жирондчиён мавқеи консервативиро ишғол намуда, пешравии минбаъдаи револютсияро боздоштанӣ шуданд. Якобичиён (роҳбаронаш М. Робеспер, Ж. П. Марат, Ж. Ж. Дантон, Л. А. Сен-Жюст) партияи яксинфа набуданд. Онҳо аз табақаҳои миёна ва поёни буржуазия, деҳқонон ва плебейҳо фароҳам омада буданд ва барои қонеъ гардондани талаботи худ ва вусъат додани револютсия мекӯшиданд. Дар маҷлиси якуми Конвент оид ба бекор кардани ҳокимияти шоҳ (21 сентябр 1792) якдилона қарор қабул намуд. Франсия республика эълон гардид. 21 январи 1793 Людовики XVI ба қатл расонда шуд. Ниҳоят бадшавии аҳволи иқтисодӣ (дар натиҷаи ҷанг), хусусан озуқаворӣ, боиси тезутундшавии муборизаи синфи гардид. Соли 1793 ҳаракати деҳқонон аз нав авҷ гирифт. Тарафдорони плебейҳоро «девонагон» меномиданд, ки онҳо ба молҳои сермасриф муқаррар намудани нархи муайян ва маҳдуди савдогаронро талаб мекарданд. Талаботи омма ва вазъияти сиёсиро ба назар гирифта, якобичиён бо «девонагон» иттифоқ бастанд. 4 май, қатъи назар аз муқобилати жирондчиён, Конвент бо декрет нархи қатъии ғалларо ҷорӣ намуд. Кӯшиши жирондчиён барои музофотро ба Париж муқобил гузоштан ва бо унсурони ошкоро зиддиреволютсионӣ наз-дик шудани онҳо боиси шӯриши нави (21 май — 2 июни 1793) халқӣ гардид ва дар натиҷа онҳо аз Конвент ронда шуда, ҳокимият ба их-тиёри якобичиён гузашт.
Давраи сеюми револютсия (2 июни 1793—27/28 июни 1794) давраи олии диктатураи револютсионию демократии якобичиён ба шумор мерафт. Якобичиён дар лаҳзаи барои республика басо вазнин ба сари ҳокимият омаданд. Қӯшунҳои таҷовузкорон аз шимол, шарқ ва ҷануб зада даромаданд. Исёнҳои зиддиреволютсионӣ тамоми шимолу ғарб ва ҷануби мамлакатро фаро гирифтанд. Тақрибан аз се ду қисми территорияи Франсия ба ихтиёри душманони револютсия гузашт. Танҳо қатъият ва ҷасорати револютсионии якобичиён, ки оммаи халқро ба мубориза бархезонда, ба муборизаи онҳо сарварӣ мекарданд, револютсияро наҷот дода, ғалабаи республикаро таъмин намуданд. Конвенти якобичиён қонуни аграрӣ (июн — июли 1793) қабул намуд, ки мувофиқи он мулкҳои ҷамоа ва муҳоҷирон ба деҳқо-нон дода, тамоми ҳуқуқ ва имтиёзҳои феодалону ашроф барҳам зада шуд.
Масъалаи асосии роволютсия — масъалаи аграрӣ ба таври демократӣ ҳал гардид, деҳқонони дар гузашта мутеи феодалон ба мулкдорони озод табдил ёфтанд. Конвент 24 июни 1793 конститутсияи нави демократиро тасдиқ намуд. Аммо вазъияти ҷиддии республика якобичиёнро водор сохт, ки ҷорӣ намудани конститутсияро ба таъхир андозанд. Ҳукумати револютсионӣ дар ихтиёри Конвент, Комитети наҷоти ҷамъият (органи асосии ҳукумат) ва Комитети бехатарии ҷамъият буд. Бо талаби халқ Конвент 23 августи 1793 оид ба сафарбарии тамоми миллати Франсия барои рондани душманон аз территорияи республика декрети таърихӣ қабул кард. 26 июни 1794 лашкари республика дар назди Флёрюс ба таҷовузкорон зарбаи ҳало-катовар зад. Вале дар блоки диктатураи якобичиён зиддияти дохилӣ авҷ гирифт. Ҳамаи ин боиси он гардид, ки тобистони 1794 унсурҳои зиддиреволютсионӣ (қисми зиёди буржуазия) ба муқобили ҳукумати револютсионии Робеспер забон як карда, 27-28 июли 1794 диктатураи якобичиёнро сарнагун сохтанд. Бо ҳамин револютсия хотима ёфт. Револютсияи Кабири Франсия аҳамияти калони таърихӣ дошт ва барои он замон прогрессивӣ буд