Маълумоти охирин
Главная / Теги: Тиб

Теги: Тиб

СИСТЕМАИ АСАБ

СИСТЕМАИ АСАБ, асабия, маҷмӯи ташкилаҳо (асабҳо, уқдаҳо, узвҳои ҳис, майнаи организми ҳайвонот ва одамро гуянд, ки таъсиротро дарк, таҳлил ва ба узвҳо нақл карда, реаксияҳои ҷавобии мутобиқшавии организмро ба амал меорад, ҳамаи функсияҳои организмро дар таъсири мутақобила бо муҳит танзим карда, фаъолияти организмро ба он мувофиқ мегардонад. Системаи асаб асосан …

Муфассал »

САРЪ – эпилепсия

sardard

САРЪ, эпилепсия (аз юн. ерБ 1атЬапо — медорам, ҳуҷум мекунам), як навъ бемории музмини майнаи сари одамро гӯянд, ки сабабҳои пайдоишаш гуногун буда, асосан дар шакли хурӯҷи (эҳтидоди) такроршаванда зоҳир мегардад. Саръ яке аз бемориҳои маъмули асабию рӯҳӣ мебошад. Ба он қариб 1%-и аҳолии ҷаҳон гирифтор аст. Бештар дар синни …

Муфассал »

САРКОМА

sarkoma-kozhi-1

САРКОМА (аз юнонӣ загкоч — гӯшт ва оша — суффикси номи омосҳо), омоси бадасл (хабис, хавфнок)-ест, ки дар бофтаҳои пайвасткунанда ба вуҷуд меояд. Саркома ду хел мешавад: 1) Саркомае, ки аз бофтаҳои пайвасткунандаи ҷанинӣ (мезенхима) пайдо мешавад — мезенхимома; 2) Саркомае, ки аз бофтаҳои мезенхимии болиғ падид меояд — Саркомаи …

Муфассал »

САРАТОН

bemor

САРАТОН (харчанг), чангор, ҳазорреша, реши равон, боди хӯра, бодхӯра, омоси бадзоти бофтаҳои эпителӣ, яке аз бемориҳои хавфнок ва душвортабобат. Саратон аз қадимулайём маълум аст. Дар бораи ҷарроҳии омоси Саратон (асосан омоси Саратони рӯи пӯст) аз давраи то милод маълумот мавҷуданд. «Ал Қонун»-и Ибни Сино ҳам аз хусуси Саратони ҷигар, рӯдаҳои …

Муфассал »

САНОЁ

dandon

САНОЁ ( сания — дандони пеш), чор дандони пешро гӯянд, ки дӯтояш дар ҷоғи боло, дутояш дар ҷоғи поён ҷойгир шудааст.

Муфассал »

САНГИ ДАНДОН

zubnoy_nalet

САНГИ ДАНДОН, карахшест иборат аз моддаҳои органикӣ ва намакҳо, ки дар рӯи дандонҳо пайдо шуда сахт мешавад. Асосан дар гарданаи дандон ҷойгир мешавад. Баъзан қисми зиёди ғилофак ва решаи дандонро фаро мегирад. Санги дандон аз мунтазам тоза накардани дандонҳо пайдо мешавад. П е ш г и р ӣ: мӯътадил хоидани …

Муфассал »

САЛМОНЕЛЛËЗҲО

ruda

САЛМОНЕЛЛËЗҲО сирояти шадиди рӯдаи ҳайвоноту одам, ки салдеонеллаҳо (як ҷинси бактерияҳои қаламчашакли ҳогнаофаранда) меангезанд. Салмонеллёзҳо дар одам бемории муайянест, ки онро аз тифи шикамӣ (арақии шикампеч) фарқ мекунанд. Манбаи асосии он ҳайвонн касал, баъзан одам (одами касал ё зомили бактерия) мебошад. Салмонеллёзҳо одатан ба воситаи хӯрок (гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, шир, …

Муфассал »

САКТА

900877_2004920

САКТА, инсулт, ихтилоли тезинкишофёбандаи гардиши хуни мағзи cap, ки боиси осеб ёфтани бофтаҳои майна ва вайроншавии фаъолияти онҳо мегардад. Чунон ни дар «Тибби Юсуфӣ» омадааст, «Сакта, ки иборат аз ботил шудани ҳиссу ҳаракати ҷамеӣ аъзост, чун аз хун бошад, аломаташ пурит рагҳост, бо соири аломати ғалабаи хун». Аз ин ҷиҳат …

Муфассал »

САДИЗМ

САДИЗМ, дар тиб як навь шаҳватпарастиест, ки гирифтори он ҳангоми алоқаи ҷинсӣ ба азоби рӯҳӣ ё ҷисмонии зан мекӯшад. Садизм аз номи нависандаи франсавӣ Маркиз де Сад (de Sade, 1740—1814) бармеояд. Ӯ дар романҳояш ҷиноятҳои алоқаи ҷинсиро, ки бо амали зӯрӣ ва бераҳмӣ алоқаманданд, тасвир карда буд. Дар маънои маҷозиаш …

Муфассал »

РИШТА

02-rishta-v-noge-e1484835932727

РИШТА, 1) Бемории ришта, дракункулёз, як навъ беморие, ки дар бадани ҳайвонот ё одам (бештар дар қисми поёнии он, дар мағзи гӯшту пӯст) пайдо мешавад. Ришта тақрибан 1500 сол то милод дар дастхатҳои Миср зикр ёфта буд. Дар Бухоро Риштаро аввалин шуда ибтидои асри 11 Ибни Сино ба қайд гирифта, …

Муфассал »