САРҒАЙ, деҳаест дар Совети қишлоқи Думбрачии райони Ҷиргатоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Лахш-1». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 30 километр, то район 40 километр. Аҳолиаш 350 нафар (1981), тоҷикон ва қирғизҳо. Мактаби 8-сола ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғалла, картошка ва тамокукорӣ, инчунин чорводорист. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.
Tags Деҳа
Инчунин кобед
Деҳаи САҒИРДАШТ
САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …