Падаршоҳӣ, як шакли маъмули муносибатҳои ҷамоти ибтидоист, ки зимни он дар хоҷагӣ, чамъият ва оила мард ҳукмфармоӣ мекунад. Дар натиҷаи тараққии қувваҳои истеҳсолкунанда ва афзудани ҳосилнокии меҳнат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии ҷамоаи ибтидоӣ: деҳқонӣ, чорводорӣ, шикор ва моҳигирӣ Падаршоҳӣ ба амал пайваст. Тараққкёти истеҳсолот боиси авҷ гирифтани мубодила ва пайдо шудани моликияти хусусӣ гардид.
Мард занро аз истеҳсолот дур ва побанди хона кард. Барои Падаршоҳӣ шаҷараи хешутаборӣ аз тарафи мард, барҳам хӯрдани ягонагии хоҷагии авлод, гузариш аз никоҳи гу- рӯҳӣ ба моногамия, дар қабилаи мард маскан гирифтани зан хос аст. Минбаъд, муносибатҳои патриархалӣ дар натиҷаи афзудани нобаробарии моддӣ, пайдоиши ғуломдории ибтидоӣ ва синфҳо мустаҳкам гардиданд.
Дар боби мавқеи Падаршоҳӣ дар таърихи ҷамъият дар тӯли асрҳо баҳс мерафт. Назарияи азалӣ будани Падаршоҳӣ дар ҷамъияти инсонӣ нуфузи калон пайдо карда буд. Афлотун ва Арасту низ ҳамин ақидаро дастгирӣ мена- муданд. Асри 19 ин ақидаро Г. Мэн ҳимоя намуд. Солҳои 1860—70 аввал И. Бахофен, баъд Л. Г. Морган ақидаи азалӣ будани Падаршоҳиро рад намуданд. Нуктаҳои асосии ақидаи Морганро Фридрих Энгелс дастгирӣ кард ва инки- шоф дод; онҳоро қисми зиёди олимони советӣ қабул намуданд. Аммо баъзе этнографҳои буржуазӣ пайрави назарияи азалӣ будани Падаршоҳӣ мебо- шанд.
Адабиёт: Энгельс Фридрих, Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат, Карл Маркс, Фридрих Энгелс, Асари мундариҷаи ҷилди 2, Душанбе, 1965; Морган Л: Г., Древнее общество, перевод с английского Ленинград 1934.