Маълумоти охирин

ПОРСҲО

ПОРСҲО  авлоди зардуштиёи дар Ҳиндустон, ки асрҳои 7—10 баъ­ди истилои араб аз Эрон ҳиҷрат карда дар Гуҷарот маскаи гирифтаанд. Шумораашон бештар аз 100 ҳазор нафар (1973). Порсҳо асосан дар Бомбай зиндагӣ доранд. Динашон — зардуштия. Порсҳо дар маъбадҳо оташро мепарастанд. Мурдаҳоро нагӯронда, балки ба каргасҳо (дар даҳмаҳо) медиҳанд, то ки аносири барои Порс муқаддас оташ, об, ҳаво, замии макрӯҳ нагардад. Сарватмандӣ шуҷоати дннӣ дониста мешавад, аз ни рӯ, аксар Порсҳо аз қадим бо судхӯрӣ, савдогарӣ, фаъолияти банкӣ ва соҳибкорӣ машғуланд (оилаи монололистҳои калонтарини Ҳиндустон— Тата аз Порсҳо мебошад). Порсҳо ба забони гуҷаротӣ гап мезананд; адабиёти динӣ ба забонҳои авестоӣ ва паҳлавист. Ҷамоаи Порсҳо аксаран эидогамист (ҷавонон баъзан қоидаҳои қадимаи никоҳиро риоя намекунанд). Қоҳинони ҷамоа ва танҳо ба ҳаёти динӣ, балки ба ҳаёти дунявии Порсҳо таъсири зиёд мерасонанд.

fors

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …