Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОЛГАРДОНӢ, Мучал

СОЛГАРДОНӢ, Мучал

muchal

СОЛГАРДОНӢ, мучал, Мӯлҷар, яке аз қадимтарин ҳисобҳои давриест, ки тавассути ном бурдани 12 ҳайвон (муш, бақар, паланг, харгӯш, наҳанг, мор, асп, гӯсфанд, ҳамдуна, мурғ, саг, хук), синну соли одамон муайян карда мешуд. Солгардонӣ одатан бо «муш» (аз 22 март) сар шуда, бо «хук» (то 21 март) хотима меёбад. Қисоби Солгардонии шахси дар яке аз ин солҳо таваллуд ёфтаро аз номи ҳайвоне, ки ба ин сол мувофиқ меомад, оғоз мекарданд. Масалан, агар кас дар соли «гусфанд» таваллуд шавад, солаш гӯсфанд, дар соли «асп» таваллуд шавад, солаш асп ҳисоб меёфт. Баъди 12 сол одам як мучалро пур мекард. Вале ҳангоми муайян намудани синни одамон ҳаёти батнимодарии онҳоро як сол ҳисоб карда, онро ба 12 зам менамуданд. Дар натиҷа мучали 1-ум на 12 сол, балки 13 сол ва якҷоя бо мучали 2-юм 25 сол ҳисоб мешуд. Мучалро пур кардани одамон воқеаи муҳим ба шумор мерафт. Бинобар он занону духтарон баъди пур кардани як ё ду мучал зиёфат меоростанд. Мардҳо бошанд, фақат баъди расидан ба синни пайғамбар Муҳаммад (63) зиёфат медоданд. Одамон соли худ, падару модар, аҳли оила ва шахсони таърихиро аз ёд медонистанд.

Аз рӯи ҳисоби мучал соли таваллуди одамро ба тариқи зерин муайян менамоянд: аввал ба соли таваллуд (аз рӯи солшумории милодӣ) рақами 9-ро ҷамъ мекунанд, соли ҳосили ҷамъро ба рақами 12 тақсим мекунанд; бақияи тақсим айнан ба рақами тартиби ин ё он соли мучалӣ дар феҳристи солҳои мазкур баробар меояд. Масалан, агар соли таваллуди кас 1938 бошад, онгоҳ

1938 + 9 = 1947

1947 :12 = 162

Бақия 3

Пас, соли у паланг будааст. Солгардонӣ аз қадимулайём дар байни халқҳои Осиё ва Африка маълум аст. Бино ба манбаъҳои хаттӣ, Солгардонӣ аввал дар байни бодиянишияан-чорводорони Юнону Бохтар пайдо шуда, баъд ба Муғулистон, Хитой, Япония, Ҳиндустон, Миср, Ироқ, Эрон, Афғонистон ва дигар мамлакатҳо роҳ ёфт. Ба солҳо додани маҳз номи ҳайвонҳо аз он дарак медиҳад, ки одамон ба онҳо эътиқод доштанд. 12 ҳайвоне, ки номашон ба Солгардонӣ дохил шудазнд, «бахосият», «муқаддас» ҳисоб мешуданд. Аммо ҳайвонҳое, ки ба Солгардонӣ дохил мешуданд, на дар ҳама кишварҳо як сон буданд. Ва ин вобаста ба он буд, ки дар кадом мамлакат ба кадом ҳайвон бештар эътиқод доранд. Масалан, дар Хитой оа ҷои наҳанг аждаҳои афсонавиро, баъзе халқҳои Африка ба ҷои наҳанг тимсоҳро, дар Миср ба ҷои муш калламуш, ба ҷои асп харро дохил намудазнд. Дар Солгардонӣ ҳайвонҳо ба ду гурӯҳ: «ҳалол» ва «ҳаром» ҷудо карда мешуданд. Одамон солоро, ки номи ҳайвони «ҳалол» (бақар, харгӯш, гӯсфанд)-ро дошт, соли пурфайау баракат, соли ҳайвоии «ҳаром»-ро соли бефайзу барака медонистанд.

Ба ақидаи онҳо, дар соли «мор» қаҳти, қиматӣ, зимистони қаҳратун, дар соли «наҳанг» борони аибд мешудааст; бачаҳои дар соли «харгуш» таваллудёфта бошавд, хушбахту бадавлат мешудазнд.

О. Муродов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …