Маълумоти охирин
Главная / Биология / СИСТЕМАИ ҲОЗИМА

СИСТЕМАИ ҲОЗИМА

СИСТЕМАИ ҲОЗИМА, дастгоҳи ҳозима, маҷмӯи узвҳои ҳазму гувориши ғизо дар организми ҳайвон ва одам. Системаи ҳозима ҳуҷайра ва бофтаҳои дар организм муттасил вайроншавандаро бо энергияю моддаҳои зарурӣ таъмин намуда, барои барқарор шудани онҳо мусоидат мекунад. Системаи ҳозимаи аксари ҳайвон аз найчае иборат аст, ки ду сӯрохӣ дорад, яке даҳон (барои қабули хурок), дигаре мақъад (барои ихроҷи ғизои ҳазмнашуда). Дар ҳайвоноти дараҷаи паст Системаи ҳозима нест. Барои соддатаринҳо ҳазми дохили ҳуҷайравӣ хос аст.

sys-hozima

  Системаи ҳозимаи мӯҳрадоро ва одам аз холигии даҳон, дандоҳо, ҳалқ, сурхрӯда, меъда, ҷигар ва ғадудҳои зери меъдаю оби даҳон иборат аст. Дар мӯҳрадороне, ки бо ғалсама нафас мекашанд, ҳалқ ба тарқишҳои галсама ғутида, барои аз даҳон ба сурхрӯда гузаронидани хӯрок ва инчунин нафаскашӣ хизмат мекунад. Меъдаи аксари моҳиҳо, обхокиҳо, хазандаҳо, ширхӯрони дарранда ва ҳамахӯр оддӣ ва меъдаи баъзе моҳиҳо, паррандаҳо, ширхӯрони хоянда ва китшаклон мураккаб аст. Узвҳои ҳозима ва системаи ғадудҳои мӯҳрадорон бо ҳам алоқаманд мебошанд. Функсияи Системаи ҳозимаи муҳрадорон ва асосан одамро ба 3 (ҳаракатӣ-моторӣ, усоравӣ-секреторӣ ва ҷаббиш) ҷудо мекунанд. функсияи ҳаракатӣ вобаста ба намуд ва тағйири тонус омезиш ва ҳаракати хӯрокро таъмин менамояд. Функсияи усоравӣ қариб дар тӯли ҳамаи нои ҳозкма ба вуҷуд меояд. Вай дар холигии даҳон ва рӯдаи борик омезиш ва майдашавии хӯрокро осон мегардонад. Усораҳои меъда ва ғадуди зери меъда бошанд, ҳазми хӯрокро метезонанд. Баъзе моддаҳои фаъоли биологӣ (гормонҳо) бевосита ба хун ҷудо мешаванд: секретин аз ғадуди зери меъда ҷудо шудани обу бикарбонатҳо, панкреозимин ҷудо шудани ферментҳо, холесистокинин тиҳигардии талхадон ва ба рудаи 12-ангушта гузаштани талхаро ва гастрин ҷудошавии кислотаи гидрогенхлоридро метезонад; энтерогастрии ба фаъолияти усоравию таҳрикии (секреторию мотории) меъда ва баъзе гормонҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ҷаббиш дар ҳама қисмҳои Системаи ҳозима ба вуҷуд омада метавонад. Ихроҷ (экскресия) фаъолияти аз ҷиҳати физиологӣ дуюмдараҷа буда, танҳо дар рӯдаи ғафс мегузарад.

                                                                                          Ҳ. Ҳ. Мансуров.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …