Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУХМИ МУРҒ

ТУХМИ МУРҒ

ТУХМИ МУРҒ, байзаи мурғ, тухми парранда, асосан тухми мурғи хонагист, ки дар хӯроки одам истифода мешавад. Аз зарда, сафеда, парда ва пӯст иборат аст. Тухми ғоз 110—180 г, мурғи марҷон қариб 110 г, мурғ 55—65 г, мурғи султонӣ 45 г, бедона 8—10 г вазн дорад.

egg-1

Дар онҳо қариб ҳамаи моддаҳои барои ғизои одам зарур мавҷудавд: сафеда (қариб 12,5%), равған (қариб 12%), моддаҳои минералӣ (калсий, фосфор, магний, калий, натрий, оҳан ва ғайра), витаминҳо (А, Д, Б, К ва ғайра). Моддаҳои ғизоии тухмро организми одам пурра ҳазм мекунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …