ТАЪЛИМИ УМУМӢ, таълими беистиснои тамоми бачагони синну соли муайяни мактабҳои таълими умумиро гӯянд. Таълими умумӣ тавассути чорабиниҳои давлатӣ (қонун дар бораи таълими ҳатмӣ, маблағҷудокунии давлатӣ ба сохтмон ва пешбарии кори мактаб, тайёр кардани муал, лимон ва ғайра) ба амал бароварда мешавад.
Дар СССР соли 1934 Таълими умумии чорсола; 1956 Таълими умумии хафтсола; 1959 Таълими умумии 8-сола ва аз соли 1976 Таълими умуммии даҳсола ҷорӣ гардид.
Дар СССР барои инкишофи бомуваффақияти маълумоти умумни миёна давлат тамоми шароитро муҳайё кардааст: ҳуқуқӣ гражданҳо бамаълумот, қатъи назар аз ҷинс, нажод, миллат; эътиқоди динӣ ва баромади иҷтимоӣ, ҳатмӣ ва бепул будани таълим; донишкадаҳое, ки маълумоти миёна медиҳанд; дастрас будани мактабҳо ба ҳамаи талабагон; таълим ба забоии модари ё ягон забони дигари халқҳои СССР; назорати таҳсили бачагонн сини мактабӣ ва бо муаллимон пурра таъмин кардани мактабҳо, сохтмони мактабҳо ва таҷҳизонидани онҳо аз ҳисоби давлат; ёрии моддии давлат ба талабагон; мадади ҳаматарафаи аҳлиҷамъият ба кори мактаб ва ғайра.