СПОНДИЛОАРТРИТ (аз юнонӣ spondulos — мӯҳра ва аrtrhon — банд, буғум), газаки банду бeғуми байни мӯҳраҳоро гӯянд. Спондилоартрит бештар боди полиартрити сироятӣ, баъзан чун оқибати бруцеллёз, дизентерия ва як қатор бемориҳои дигар пайдо мешавад. Ҳангоми Спондилоартрит аксар мӯҳраҳои миён, гардан, сина иллат меёбанд. Беморӣ ногаҳон ва баъзан ноаён сар мезанад. …
Муфассал »СПОНДИЛИТ
СПОНДИЛИТ (аз юнонӣ spondulos — мӯҳра) як навъ газаки музмини сутунмӯҳраи одамро гӯянд, ки сабабаш аксар сил ва баъзан сироятхои дигар (сирояти стафилококкӣ, сифилисӣ ва ғайра) мебошанд. Бо Спондилити силӣ бештар кӯдакони то10-сола гирифтор мешаванд. Аз Спондилит аксар (дар 60%-и ҳолатҳои беморӣ) мӯҳраҳои сина (тахтапушт) иллат меёбанд. Касалӣ аз ворид …
Муфассал »СПОНДИЛЕЗ
СПОНДИЛЕЗ (аз юнонӣ spondulos мӯҳра), як касалии музмини мӯҳраҳоро гӯянд. Тағйироти нахуст дар тағояки қурсмонанди байни мӯҳраҳо рӯй медиҳад, ки дар натиҷа онҳо хосияти чандирии худро гум карда, шах ва хӯрда мешаванд. Ин боиси вайрон шуданн танаи мӯҳраҳо мегардад ва аз сабаби он, ки дар ин маврид решачаҳои асаби қитъаи …
Муфассал »СПЛЕНОМЕГАЛИЯ
СПЛЕНОМЕГАЛИЯ (аз юнонӣsplen — сипурз ва mеgаs, megalos — калон), сипурзбузургӣ, бағоят калоншавии сипурзро гӯянд, ки асосан дар вақти иллати он (омосҳо, киста, думмал ва ғайра), сирояти умумӣ (сепсис, вараҷа, тифи шикамӣ ва ғайра), бемориҳои хун (лейкозҳо лимфогрануломатоз) ва ҷигар мушоҳида мешавад. Дар вақти лейкозҳои музмин сипурз ниҳоят калон (вазнаш …
Муфассал »СПИРОХЕТОЗҲО
СПИРОХЕТОЗҲО (аз юнонӣ speira — ҳалқа ва сhaita — мӯй), як гурӯҳ бемориҳои одаму ҳайвонро гӯянд, ки спирохетаҳои беморизо (бактерияҳое, ки ҳуҷайраҳояшон дарозрӯяи печутобхӯрда мебошанд) ба вуҷуд меоранд. Аз рӯи тарзи сироят спирохетозҳо якчанд хел мешаванд: спирохетозҳои рӯда (лептоспирозҳо; дар ҳама ҷо паҳн шудаанд), Спирохетозҳои роҳҳои нафас (асосан дар мамлакатҳои …
Муфассал »СПИРОМЕТРИЯ
СПИРОМЕТРИЯ (аз лотинӣ soiro) — пуф мекунам, нафас мегирам ва …метрия), усули бо ёрии асбоби махсус — спирометр чен кардани гунҷоиши ҳаётии шуш. Соли 1346 олими англис Ҷ. Хатчисон пешниҳод кардааст. Спирометрияро ҳангоми тафтиши одамони солим, ташхису муолиҷаи бемориҳои шуш ва системаи дилу раг истифода мебаранд.
Муфассал »СПАЗМОФИЛИЯ
СПАЗМОФИЛИЯ (аз юнонӣ sраsmоs— мекашам ва рhilia-майл), дарди шахаки кӯдакон, истишноҷ, кузозати тифлон, бемории бачагонаест (бештар кӯдакони то 2-сола), ки дар натиҷаи он миқдори калций дар хун кам, ҳаяҷонпазирии асабия ва худ аз худ кашиши (рагкашии) мушакҳои роҳи овоз афзун мегардад. Сабаби асосии Спазмофилия норасоии витамини Д ва ихтилоли функцияи …
Муфассал »СПАЗМ
СПАЗМ (юнонӣspasmos, аз sрао — мекашам), ташаннуҷ, кашиши ихтилоҷии мушакҳои дасту пой ё девораи мушакии рагҳои хун, сурхрӯда, рӯдаҳо ва дигар узвҳои дарунхолӣ. Нигаред низ Рагкашӣ.
Муфассал »СОФИН
СОФИН, нигаред Рагҳои фасд.
Муфассал »СОМУНО
СОМУНО дар тибби Қадим воҳиди вазнеро гӯянд, ки ба 2,999 г баробар аст.
Муфассал »