Маълумоти охирин
Главная / Теги: Тиб (страница 19)

Теги: Тиб

СТРЕСС

stress

СТРЕСС (аз англисӣ stress— шиддат), дар психология, физиология ва тиб ҳолати иштидоди рӯҳист, ки ҳангоми фаъолияти одам дар шароитҳол мушкил (ҳаёти ҳаррӯза, инчунин вазъиятҳои махсус, масалан, парвози кайҳонӣ ва ғайра) ба вуҷуд меояд. Мафҳуми Стрессро ба илм физиологи канадагӣ Г. Селье (1936) дохил кард. Ҳангоми авҷи Стресс нуқсҳои идрок, хотира …

Муфассал »

СТРЕПТОДЕРМИЯ

streptodermia

СТРЕПТОДЕРМИЯ, бемории илтиҳобии пӯст (импетиго, суп-сурх шудани пӯст, эктима ва ғайра)-ро гӯянд, ки барангезандааш стрептококкҳо мебошанд.

Муфассал »

СТОМАТОЛОГИЯ

stoma

СТОМАТОЛОГИЯ (аз юнонӣ stomatos — даҳон ва …логия), як соҳаи тибро гӯянд, ки сохти дандон, сабабҳои пайдоиш, муолиҷа ва пешгирии дарди дандон, милки дандон, забон, пардаи луобии даҳон, ҷоғ ва бофтаҳои атрофи онро меомӯзад. Стоматология таърихи қадим дорад. Дар асарҳои духтури ҳинд Сушрут (асрҳои 6 —5 то мелод) 65 бемории …

Муфассал »

СТОМАТИТ

stomatit

СТОМАТИТ (аз лотинӣ stomatos — даҳон), дарди даҳон, ҷӯшиши даҳон, барфак, илтиҳоби пардаҳои луобии даҳон. Стоматити одам аз осеби механикӣ, ҳароратӣ, химикӣ ва ғайра, авитаминоз, диабет, бемориҳои дилу раг, асаб, узвҳои хунофар ва узвҳои ҳозима, бемориҳои сироятии шадид (масалан, сурхча, махмалак, хуноқ) ва музмин (масалан, сил), заҳролудшавӣ ва ғайра ба …

Муфассал »

СТЕТОСКОП

stetoskop

СТЕТОСКОП (аз юнонӣ stethos — қафаси сина ва …скоп), асбобест барол гӯш кардани садои задани дил, садои узвҳои нафаскашӣ (шуш), гардиши хун ва ғайра. Соли 1816 асосгузори усули ташхисии аускултация, духтури франсавӣ Р. Лазняек (1781— 1826) ихтироъ кардааст. Дар амалияи тибби ҳозира аксар Стетоскопро бо фонендоскоп якҷоя истифода мебаранд.

Муфассал »

СТЕНОЗ

stenos

СТЕНОЗ (аз юнонӣ stenos — борик, танг), тазайюқ, тангӣ, танг шудани сӯрохи ягон узв (баромадгоҳи меъда, хирной, бронхҳо, рӯда, сурхрӯда, артерияҳо ва ғайра)-ро гӯянд. Стеноз модарзодӣ (масалан, Стенози баромадгоҳи меъда дар кӯдаки) ва иктисобӣ (дар мавриди карахш бастани реш, хадшаи ҷароҳат, варами девораҳои узв дар вақти газакгирии он, ҷароҳат, омос …

Муфассал »

СПОРОТРИХОЗ

sporotrixoz

СПОРОТРИХОЗ, бемории музмини одам ва ҳайвонот, ки ба гурӯҳи микозҳо мансуб буда, занбӯруғҳои ҷинси Sporotrichium ба вуҷуд меоранд. Ҳангоми Споротрихоз пӯст, насҷи зери пӯст, баъзан пардаҳои луобӣ ва узвҳои дохилии одам зарар мебинанд. Барангезандаҳои Споротрихоз дар растанӣ (бутта, сабза, хошок ва ғайра), хок, чанг ва хӯрокворӣ паҳн шудаанд. Занбуруғ асосан …

Муфассал »

СПОРАҲО

spora_1

СПОРАҲО (аз юнонӣ spora — коштан, кишт, тухм), 1) ҷанини (муғҷаҳои аввалини) микроскопии растаниҳои дараҷаи паст ва олист, ки барои афзоиш ва аз шароитҳои номусоид муҳофизат намудани онҳо хизмат мекунад. Спораҳо одатан лӯнда, байзашакл ва бештар устувонашакл мешаванд. Онҳо аз як ё якчанд ҳуҷайра ташкил ёфтаанд. Спораҳо ба ҷилди ба …

Муфассал »

СПОНДИЛОЛИСТЕЗ

spondilolistez

СПОНДИЛОЛИСТЕЗ (аз юнонӣ spondulos- — сутунмӯҳра ва olisthesis — лағжидан), бемории сутунмӯҳраи одам, ки дар натиҷаи спондилолиз (нуқсони қисми мобайнии мӯҳраҳо) ё тағйироти дегенеративии тағояки гирдаи байни мӯҳраҳо пайдо мешавад. Ҳангоми Спондилолистез мӯҳраҳо ба пеш мелағжанд (беҷо мешаванд). Беморӣ асосан дар натиҷаи беҷо шудани мӯҳраи 5-и миёна ба амал меояд. …

Муфассал »