Маълумоти охирин
Главная / Теги: Тиб (страница 21)

Теги: Тиб

СОМЕА

somea1

СОМЕА (арабӣ Шунавоӣ, қувваи шунавоӣ), яке аз ҳавоси хамса (қувваҳои ҳисси панҷгона)-ро гуянд, ки тавассути он одам ва ҳайвон садоро дарк мекунад. Вобаста ба дараҷаи инкишоф, ҷои зиндагӣ ва ғайра Сомеаи ҳайвонот гуногун мешавад. Сомеа бори аввал дар ҳашарот ба вуҷуд омадааст. Ҳамаи ҷонварони муҳрадор низ Сомеа доранд; дар ширхурҳо …

Муфассал »

СОМАТОТИП

somatotip

СОМАТОТИП, дар антропология як шакли сохти бадани одамро гуянд. Ҳангоми ҷудо намудани Соматотип дараҷаи инкишофи скелет, мушакҳо, равғанҷудокунӣ, шакли қафаси сина, шикам ва тахтапушт ба назар гирифта мешаванд.

Муфассал »

СОМАТОЛОГИЯ

somatology

СОМАТОЛОГИЯ (аз юн. soma ва …логия), як соҳаи морфологияи одамро гӯянд, ки тағйирёбии шаклу андозаи бадани одам ва қисмҳои онро меомӯзад. Самотология соматоскопия (тавсифи сохт, таносуби бадан, узвҳо) ва соматометрия (чен намудани бадан ва қисмҳои он, вазн, қувваи мушакҳо) -ро дар бар мегирад.  

Муфассал »

СКОЛИОЗ

skolioz

СКОЛИОЗ (юнонӣ — каҷшавӣ, каҷ), ба рост ва ё чап каҷ шудани сутунмӯҳраи одамро гуянд. Одатан дар кӯдакӣ (5— 15 солагӣ) ба амал меояд. Рахит, лат хӯрдани сутунмӯҳра, баъзе бемориҳои системаи асаб ва ғайра боиси Сколиоз мегарданд. Сколиоз дар натиҷаи дар парта нодуруст нишастан (Сколиози мактабӣ) низ пайдо мешавад. Пешгирӣ: …

Муфассал »

СКЛЕРОМА

skleroma

СКЛЕРОМА (skleroma — сахтшавӣ), бемории сироятии музмини роҳҳои нафаскашии одам. Барангезандааш басиллаи Фриш-Волкович мебошад, ки ҳангоми бо он сироят ёфтан дар пардаи луобии бинӣ ва баъд дар ҳалқум ва хирной хессаҳои (инфилтратҳои) сахт пайдо мешаванд. Рӯзҳои аввали беморӣ оби бинӣ хушк шуда, карахш мебандад. Ҳангоми иллатёбии ҳалқум овоз гирифта, баробари …

Муфассал »

СКЛЕРОЗ

skleroz

СКЛЕРОЗ (аз юнонӣ sklerosis — сахтшавӣ), тасаллуб, инъисоб, салабот, зичшавии бофтаи пайвандии ягон узви бадани одам ва ҳайвонро гӯянд. Дар натиҷаи Склерозии узв ҷузъҳои муҳими лаҳима (паренхима) нобуд шуда, ҷои онҳоро бофтаи пайвандии дағалнах мегирад; баъзан дар он амилоид, гиалип, оҳак ва ғайра таҳшин мешавад. Ин ҳолат одатан дар натиҷаи …

Муфассал »

СИФОҚ

sifok

СИФОҚ (арабӣ), шикампарда, гишои шикам, пардаи тунуки нимшаффофест, ки дар тарафи даруни девораи ковокии шикам воқеъ буда, рӯи узвҳои андаруни шикамро мепӯшад. Масоҳати умумии Сифоқи одами калонсол 1,6—2,04 м2, ғафсиаш 0,7—1,1 мм мешавад. Қабати берунии Сифоқ аз мезотелий (бофтаи эпителӣ), ки асоси онро бофтаи пайвандии алёфи (сернах )ташкил мекунад, ҳосил …

Муфассал »

СИФИЛИС

sifilis-1

СИФИЛИС, доначаҳоеро гӯянд, ки ҳангоми сифилис дар пӯст медаманд; масалан, розеола (доначаҳои сурх), пайса, рихинак ва ғайра.

Муфассал »

СИФИЛИС

syphilis

СИФИЛИС (аз номи асари духтури италиявӣ Ҷ. Фракасторо  — «Сифилис ё бемории франсавӣ», ки соли 1530 дар Верон нашр шуда, ба тавсифи бемории чӯпон Сифилус оид буд), оташак, обилаи фараягн, доъулфаранг, куфт, қулрӯна, як марази сироятиро гӯянд, ки дар олати таносули одам пайдо мешавад; трепонемаи сафед (спиро- хетҳо) ба вуҷуд …

Муфассал »