Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНМУҲАММАДИ ХАНДОН

СУЛТОНМУҲАММАДИ ХАНДОН

СУЛТОНМУҲАММАДИ ХАНДОН (соли таваллуд номаълум — вафот 1551, Ҳирот), хаттоти форс- тоҷик (асрҳои 15—16). Бештари умраш дар Ҳирот гузаштааст. Дар хати настаълиқ маҳорати зиёд дошт. Аз намунаи китобати СултонмуҳаммадиXандон ду нусха «Юсуф ва Зулайхо» ва як нусха «Сабҳат-ул-аброр»-и АбдурраҳмониҶомӣ (китобат 1525), як нусга «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ (1515), як нусха девони Ҳофизи Шерозӣ (1516, дар Музеи Британия, Лондон), як нусха «Қирон-ус-саъдайн»-и Амир Хисрави Деҳлавӣ (1516, ҳамон музей) ва ғайра боқӣ мондааст.
И. Иалонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …