ҚАБРИСТОНИ МАКОНИ МОР, ёдгории археологии мансуб ба ҳазораи 2 то м.— а-ҳои 8—9 м. ва воқеъ дар p-ни Фархори вил. Кулоб дар соҳили д. Сурхоб. Қ. М. М. аз се давраи таърихӣ иборат аст. Пуштаҳои давраи якум ба асри биринҷӣ мансуб буда, онҳоро бохтариҳо бино кардаанд. Пуштаҳо доирашакл 6 чоркунҷа буда, қабрҳояшон то 1 м. чуқурӣ дорад. Дар баъзе қабрҳо марду занро якҷоя дафн кардаанд. Аз қабрҳои давраи аввал зевароти зиёд (ангуштарӣ, гушвора, муҳраҳои тилло) ёфт шудаанд.
Қабрҳои давраи дуюм дар ох. ҳазораи 2 то м.— чоряки якуми ҳазораи 1 то м. ба вуҷуд омадаанд. Дар ин давра иншооти болои қабрҳо аз байн рафта, сохти даруни гурҳо ҳам тағйир ёфтаанд. Аз онҳо танҳо зеварот ба даст омаданд.
Қабрҳои давраи сеюм (а-ҳои 8—9) дар адирҳо ҷойгир шудаанд. Қабрҳо ин давра чоркунҷа буда, дар онҳо даступои майитҳоро қат накарда гуронидаанд. Ҳамроҳи майитҳо зеварот гузоштаанд. Асбоби рузгор ёфт нашуд.
Х. Муҳиддинов.