Пасха (ҷазираи Пасха), Рапан у и (полинезӣ Rapa Nui; испанӣ Раscua, англисӣ Easter Island), ҷазираи вулқонӣ дар қисми шарқии уқёнуси Ором. Аз ҷиҳати маъмурӣ тобеи Чили. Масоҳат 165,5 километр. Аҳолиаш қариб 2 ҳазор нафар (1972). Кариб 40%-аш аҳолии тагҷоӣ — полинезиҳо. Маркази маъмуриаш — посёлкаи Ханга-Роа. Ҷазира шакли сегӯшаеро дорад, ки дар ҳар гӯшаи он вулқонҳои Рано- Арои (539 метр — нуқтаи баландтарини Пасха), Катики (377 метр) ва Рано-Као (324 метр) воқеъ гаштаанд.
Вулқонҳоро ҳамвории сертеппаи аз туфсангу базалтҳо таркибёфта аз ҳам ҷудо мекунад. Соҳилҳои Пасха шаҳдори душворгузаранд. Иқлимаш субтропикӣ; ҳарорат миёнаи моҳона аз 18 то 23°Селсия; боришоти солона қариб 1300 миллиметр. Аз растаниҳо алафҳои гуногун, инчунин эвкалипту банан мерӯянд. Сокинони ҷазира бо деҳқонӣ, моҳигирӣ, чорводорӣ ва ғайра машғуланд. Пасха бо ҳайкалҳои сангӣ ва лавҳачаҳои дорои хати иероглифӣ машҳур аст.
Пасхаро 5 апрел 1722 (дар рӯзи иди пасха) баҳрнаварди голландӣ Я. Рогге- вен кашф кардааст. Соли 1888 Пасха ба Чили ҳамроҳ карда шуд.