РАСМИЯТИ МУРОФИА, дар мурофиаи ҷиноятии советӣ талаби қонунро гӯянд, ки мувофиқи он органҳои тадқиқи ибтидоӣ, муфаттиш, прокурор ва суд ошкор намудани кори ҷиноятиро дар асоси ваколати ба онҳо додашуда сарфи назар аз хоҳиши шахсони манфиатдор ба манфиати давлат ва ҷамъият давом медиҳанд. Дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои ҷиноят ин органҳо вазифадоранд, ки дида баромадани кори ҷиноятиро cap кунанд ва ҳамаи чорабиниҳои дар қонун пешбинишударо қабул намоянд, то ки ҷиноят ошкор шуда, ягон ҷинояткор бе ҷазо намонад ва ягон гражданин ғайриқонунӣ ва беасос ба ҷавобгарӣ кашида нашавад.
Инчунин кобед
САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ
САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ (ба забони русӣ – “брак” ), дар ҳуқуқи советӣ маҳсулотест, ки ба стандарт, шарти …