САРАТОНИ РАСТАНӢ, як навъ касалии растаниро гӯянд, ки асосан занбӯруғу бактераяҳо ба вуҷуд меоранд. Аз Саратони растанӣ бештар картошка, помидор, буттаву дарахтон зарар мебинанд. Дар бех, шоху танаи растании касал омосу бузғунҷҳо ҳосил мешаванд. Нигаред, низ Касалиҳои бактериявии растанӣ, Касалиҳои занбӯ- руғии растанӣ.