Маълумоти охирин
Главная / Теги: Тиб (страница 18)

Теги: Тиб

ХОЛЕЦИСТИТ

kholetsistit

ХОЛЕЦИСТИТ (аз юн. qbole — талха ва kystis — талхадон), газаки талхадонро гӯянд, ки одатан ҳангоми дарди санги талха рӯй медиҳад. Xолецистит шадид ва музмин мешавад. Ба вуҷуд омадани дарди хурӯҷкунанда дар тарафи рости шикам, ки ба китфи росту шона ҳам мегузарад, беҳузурии дил, қай, табларза, баланд шудани ҳарорати бадан …

Муфассал »

ХОЛЕМИЯ

xolangit

ХОЛЕМИЯ (аз юн. qbole — талха ва haima — хун), заҳролудшавии организм аз кислотаи талха, ки дар хун ҷамъ мегардад (дар натиҷаи ихтилоли кори ҷигар ва ихроҷи талха). Хориши бадан, сустии набз, паст шудани фишори хуни шараён, камхунӣ ва ғ. зуҳуроти Холемияанд.  

Муфассал »

ХОЛАНГИТ

xolangit

ХОЛАНГИТ (аз юн. chole — талха ва angeion — par) ангиохолит, газаки найчаи талхаронро гӯянд. Беморӣ ҳангоми бозистодани ҷараёни талха инкишоф меёбад. Сабаби асосии Xолангит илтиҳоби музмини талхадон ва минбаъд ба роҳҳои ихроҷи талха паҳн шудани он мебошад. Xолангит шадид ва музмин мешавад. М. Бобохоҷаев.

Муфассал »

СФЕНОИДИТ

sfenoid

СФЕНОИДИТ (аз юнонӣsppenoidez — фонашакл), газаки ҷавфи асосӣ ё ҷавфи устухонҳои фонашакли рӯйро гӯянд. Як навъ синусит.

Муфассал »

СУТУНМӮҲРА

СУТУНМӮҲРА, аррапушт, нухоъ, сутуни фақарот, қисми асосии скелети меҳварии ҳайвоноти мӯҳрадор ва одамро гӯянд. Ба қадри ба шароити хушкӣ мутобиқ гардидани мавҷудоти мӯҳрадор бештар ба Сутунмӯра такя мекардагӣ шуданд. Зарурати устувор гаштани Сутунмӯра боиси пайдоиши пайвандҳои байнимӯҳраҳо гардид. Ғайр аз ин Сутунмӯраҳароммағзро муҳофизат мекунад. Сутунмӯраро ба якчанд қисм (аз ҷонварони …

Муфассал »

СУРХРУДА

surxruda

СУРХРУДА, як ҷузъи ноймонандиузвҳои ҳозимаи ҳайвонот ва одам аст, ки вазифааш гузаронидани хурокро адо мекунад.

Муфассал »

СУРХАКОН

surxakon

СУРХАКОН, (лотинӣRudeolla), сурхча, краснуха бемории шадиди сироятист, ки вирусҳои филтршаванда ба вуҷуд меоранд. Аз соли 1881 маълум аст. Ба воситаи ҳаво (ҳангоми сурфа, атса ва ғайра) паҳн мешавад. Ба Сурхакон бештар бачагони аз 2 то 10-сола гирифтор мешаванд. Манбаи сироят асосан шахси бемор мебошад. Баъди Сурхакон иммунитети пойдор боқӣ мемонад. …

Муфассал »

СУРФАКАБУДАК

surfakabutak

СУРФАКАБУДАК сиёҳсурфа, коклюш, як навъ бемории сироятӣ ва шадидеро гӯянд, ки ба он бештар бачагон (аз 2 то 5-сола) гирифтор мешаванд. Аломаташ: сурфаи хеле сахт ва тангнафасӣ. Бактерияи Борде — Жангу ба вуҷуд меорад. Манбаи сироят шахси бемор (ҳангоми гуфтор, сурфа, атса, буса) мебошад. Микроб берун аз организм тез нобуд …

Муфассал »

СУРФА

sulfa

СУРФА, сулфа, амали рефлексист, ки одатан дар натиҷаи ангезиши пардаи луобии роҳҳои нафас (тавассути балғам ҳангоми илтяҳо- бн уэвҳои нафаскашӣ ё дохил шудани ҷисмҳон бегона, масалан, чанг, дуд ва ғайра) ба вуҷуд меояд. Сурфа яке аз аломатҳои асосии бемории ҳалқум, хирной, бронхҳо ва бофтаҳои шуш мебошад. Ҳангоми, тарс, хиҷолат ва …

Муфассал »