ХОЛЕЦИСТИТ (аз юн. qbole — талха ва kystis — талхадон), газаки талхадонро гӯянд, ки одатан ҳангоми дарди санги талха рӯй медиҳад. Xолецистит шадид ва музмин мешавад. Ба вуҷуд омадани дарди хурӯҷкунанда дар тарафи рости шикам, ки ба китфи росту шона ҳам мегузарад, беҳузурии дил, қай, табларза, баланд шудани ҳарорати бадан ва ғ. аломатҳои асосии Xолецистити шадиданд. Ҳангоми чунин навъи Xолецистит бемор мумкин аст заъфарма шавад. Xолецистити музмин бо беҳузур шудани дил, дарди зери қабурғаҳои рост ва дигар ҳиссиёти нохуш, ки баъди хўрокхурӣ cap мезанад, оғоз меёбад. З. М. Бобохоҷев.
Адабиёт: Справочник практического врача, М.. 1082.