Маълумоти охирин

СУРФА

СУРФА, сулфа, амали рефлексист, ки одатан дар натиҷаи ангезиши пардаи луобии роҳҳои нафас (тавассути балғам ҳангоми илтяҳо- бн уэвҳои нафаскашӣ ё дохил шудани ҷисмҳон бегона, масалан, чанг, дуд ва ғайра) ба вуҷуд меояд. Сурфа яке аз аломатҳои асосии бемории ҳалқум, хирной, бронхҳо ва бофтаҳои шуш мебошад. Ҳангоми, тарс, хиҷолат ва ғайра ба ангезиши роҳҳои нафас ҳам маркази Сурфа дар мағзи сар ба таҳайюҷ меояд ва кас месурфад. Сурфа одатан аз нафаскашии чуқур сармешавад; мушакҳои бронхҳо, роҳҳои нафас, шикам, диафрагма таранг, сӯрохии овозбаро руст, фишори қафаси сина баланд мегарданд. Сурфаи давомнок ва тез-тез, ки аз иллати ҷигар, пардаи шуш ва баъзе дигар узвҳо ба вуҷуд меояд, барои организм зарар дорад, мувтазам баланд шудани фишори дохили сина ва даруни бронхҳо боиси пайдоиши эмфиземаи шуш гардида, ба дил ҷорӣ шудани хунро душвор мекунад, ки ин ба ноқисии кори дилу шуш сабаб мешавад.

sulfa

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …