Маълумоти охирин
Главная / Теги: Тиб (страница 16)

Теги: Тиб

ШИЁФ

ШИЁФ, як навъи дору (вазнаш аз 0,5 то 1 г); дар ҳарорати муқаррари сахт, вале аз таъсири гармии бадан мулоим ва об мешавад. Онро аз доруҳои гуногун ва равғани какав тайёр мекунанд. Ш.-ро ба рӯдаи рост ё маҳбал дохил мекунанд.

Муфассал »

ШАҚИҚА

shakika

ШАҚИҚА, дарди нимсар, хуруҷи дарди шадид дар ними cap аст. Ба Шақоиқ бештар занҳо дучор мешаванд; беморӣ асосан ҳангоми балоғати ҷинсӣ зуҳур меёбад. Ангоми шақиқа тарзи пайдошавии дарди cap бо тағйири тонуси рагҳои дохилӣ ва берунии кадуфт алоқаманд аст; фарз мекунанд, нки аввал ихтилод ихтилоҷ ёфта, баъд тонуси рагҳо паст …

Муфассал »

ШАБКУРӢ

shabkuri

ШАБКУРӢ, ашо, гемералопия (аз юн. hemera — рӯз, alaos — кӯр, кӯркунанда ва ops — чашм), ихтилоли қобилияти босираи инсонро гӯянд, ки дар натиҷаи он дар нимторикӣ ва шаб чизеро дида наметавонад. Сабабаш нарасидани витаминҳои А ва В3 (рибофлавин) дар организм мебошад.

Муфассал »

ШАБАКИЯ

shabakiya

ШАБАКИЯ, турпардаи чашм, ретина, пардаи дохилии чашмро гӯянд, ки асосан аз ҳуҷайраҳои асаб иборат аст. Ҳуҷайраҳои Шабакия қобилияти ҳис кардани рўшноиро дошта, шаклан ба чубча ва колба (куаача) монанданд. Шабакияи одам аз 10 қабат иборат аст ва қариб 7 млн хуҷайраи колбамонанд ва 75—150 млн ҳуҷайраи чӯбчашакл дорад. Ҳуҷайраҳои чӯбчашакл …

Муфассал »

Чурра

grizha

ЧУРРА, дабба, фатқ, фата қ, кила, аз ягон ҷавфи бадан тавассути сӯрохҳои модарзод ё сунъӣ барона дани узвҳои дохилӣ ё ягон қисми онро гӯянд, ки зимни он пардаи узв ё пӯст осеб намеёбад. Чурра аз нуқсонҳои сунъӣ -(аз пурра сиҳат наёфтани захми ҷарроҳии девораи шикам, аз зарбу лат хурдани миқдори …

Муфассал »

ЧОКИ ҚАЙСАР

operation

ЧОКИ ҚАЙСАР, як навъи ҷарроҳист, ки зимни он шикаму бачадонро чок карда, кӯдак ва ҳамроҳакро мегиранд. Зани ҳомиларо ҳамон вақт Чоки қайсар мекунанд, ки тифл зинда аст ва модараш онро дар натиҷаи танг будан ё тағйир ёфтани кос, аз ҳадша танг гаштани маҳбал, пеш истодани ҳамроҳак, варами маҳбалу бачадон ва …

Муфассал »

ЧАРМ

charbu

ЧАРМ Равған. 2) дар тиб, равғани дарунии одаму ҳайвонот, як қисми масориқа. Ба миқдори зиёд рагҳои хунгард дорад. «Аъзои муҳофизати»-и батн аст.  

Муфассал »

ЧАКМЕЗАК

chakmez

ЧАКМЕЗАК, энурез (аз юн. enuero—мезидан), ҷогамезӣ, дошта натавонистани пешобро гӯянд. Дар натиҷаи нуқси модарзодии узвҳои пешоброн ё иллати системаи асаб (махсусан ҳароммағз) пайдо мешавад. Чакмезак асосан дар кӯдакон мушоҳида карда мешавад.

Муфассал »

ЦИСТИТ

cistit

ЦИСТИТ (аз юн. kyetis — шошадон), газаки шошадонро гӯянд, ки одатан ҳангоми ба он ворид гардидани сироят пайдо мешавад. Цистит ша­дид ва музмин мешавад. Бештар Цистити шадид (аксаран дар занҳоо) вомехӯрад. Дарди поёни шикам, чорбанд мезидани тез-тезу дарднок, тарашӯҳи хун ва фасод бо пешоб нишонаи Цистит мебошад.

Муфассал »

ЦИРРОЗИ ҶИГАР

cirrozi-jigar

ЦИРРОЗИ ҶИГАР, як навъ бемории музмини авҷгирандаи ҷигарро гӯянд, ки ҳангоми аз бемориҳои сироятӣ (гепатити вирусӣ ва ғ.),заҳролудшавӣ (аз алкоголҳо, гиёҳи ғижмалос, хлороформ, фосфор, арсен) ва ғ. иллат ёфтани он ба амал меояд. Дар натиҷаи беморӣ ҷигари одам ноқис, фишори сиёҳраги даромадгоҳи он баланд ва диг. узвҳо низ осеб меёбанд. …

Муфассал »