Маълумоти охирин
Главная / Биология / СУРФАКАБУДАК

СУРФАКАБУДАК

surfakabutak

СУРФАКАБУДАК сиёҳсурфа, коклюш, як навъ бемории сироятӣ ва шадидеро гӯянд, ки ба он бештар бачагон (аз 2 то 5-сола) гирифтор мешаванд. Аломаташ: сурфаи хеле сахт ва тангнафасӣ. Бактерияи Борде — Жангу ба вуҷуд меорад. Манбаи сироят шахси бемор (ҳангоми гуфтор, сурфа, атса, буса) мебошад. Микроб берун аз организм тез нобуд мешавад. Беморӣ андаряк 10—12 ҳафта давом мекунад. Баъдн беморӣ иммунитети собит боқӣ мемонад. Боди Сурфакабудак (газаки шуш, энсефалопатия, баъзан кар, гунг, кӯршавӣ ва ғайра) бештар дар кӯдакони наврас мушоҳида мешавад.

Муолиҷа: дар ҳавои тоза сайр кардан, нигоҳубини нағз, хӯроки сервитамин ва серғизо; антибиотикҳо (дар ибтидои беморӣ геммаглобулини зидди сурфакабӯдак) ва ғайра.

Пешгирӣ: ҷудо нигоҳ доштани бемор (40 шаборуз); карантин, моягузаронӣ.

З Я. Абдуллохоҷаев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …