Маълумоти охирин
Главная / Теги: Тиб (страница 17)

Теги: Тиб

ХУРӮСАК

xurusak

ХУРЎСАК, аломати иллати гулӯст, ки зимни он нафаскашӣ душвор гашта, овоз мегирад. Xурўсак бештар ҳангоми газаки луобпардаи гулў ва хирной ба вуҷуд меояд. Ба Xурўсак одатан кӯдакони аз 6-моҳа то 3-сола (асосан дар баҳор ва тирамоҳ) гирифтор мешаванд. Аломатҳои Xурўсак (назлаи роҳҳои болои нафас, баланд шудани ҳарорат ва ғайра) баъзан …

Муфассал »

ХУНРАВӢ

xunravi

ХУНРАВӢ, аз рагҳои хунгард шоридани хунро гўянд, ки дар натиҷаи захмдоршавӣ  ё беморӣ осеб ёфтаанд. Ҳангоми Xунравӣ ранги пуст ва пардаҳои луобӣ парида, cap чарх мезанад, бемадорӣ, нафаскутоҳӣ, ташнагӣ зоҳир мешавад; ҳангоми Xунравӣ фишори артериявӣ паст ва набз суст мешавад. Якбора ба миқдори зиёд (25% ҳаҷми хун) хун рафтан хатарнок …

Муфассал »

ХУНПАРТОӢ

xunpartoi

ХУНПАРТОӢ, аз узвҳои нафаскашӣ тарашшўҳи хунро гўянд. Xунпартоӣ ҳангоми касалиҳои шуш, сил, омос, газак, думмал, инфаркти шуш ва баъзе бемориҳои дилу системаи хун ва ғ. дида мешавад. Сабаби Xунпартоӣ захмдор ё кандашудани рагҳои хунгард, инъиқоди хун дар шуш ва афзудани тадохули девораҳои рагҳои борик мебошад. Ёрдамчии аввалин: беморро дар ҳолати …

Муфассал »

ХУНГУЗАРОНӢ

xunguzaroni

ХУНГУЗАРОНӢ, гемотрансфузия, як усули муолиҷа (мас., ҳангоми бисёр талаф додани хун, боздоштани хунравӣ, бемориҳои хун ва ғ.) -ро гўянд, ки зимни он ба маҷрои раги бемор (реципиент) хуни донор (шахчи хундиҳанда) ё ҷузҳои он (массаҳои эритроцитӣ ё лейкоцитӣ ва ғ.), инчунин моддаҳои хунивазкунанда мефиристанд. Бо мақсади муолиҷа истифода намудани хун …

Муфассал »

ХУН

xun

ХУН, дам, моеъеро гўянд, ки дар рагҳои хунгарди ҳайвоноти муҳрадору одам ҳаракат мекунад. Яке аз вазифаҳои асосии Xун нақли газҳо (аз узвҳои нафаскашӣ ба бофтаҳо O2 ва аз бофтаҳо ба узвҳои нафаскашӣ СО2, ниг. Нафаскашӣ) мебошад. Xун инчунин глюкоза, аминокислотаҳо, намакхо ва диг. моддаҳои ғизоиро аз узвҳои ҳозима ба бофтаҳо …

Муфассал »

ХОРИШАК

xorishak

ХОРИШАК, як навъ дарди пусти одаму ҳайвонро гуянд. Xоришак касалии сироятнок буда, барангезалдааш хоришканаҳо (Acarus scabiei) мебошанд. Хоришканаи модина ба зерпуст даромада тухм мегузорад. Канаҳо зуд меафзоянд (дар 3 моҳ то 150 млн канаи нав ба вуҷуд меояд). Одамр аз хоришканаҳо одатан дар натиҷаи бо беморон алоқаи наздик доштан, риоя …

Муфассал »

ХОРИОНЭПИТЕЛИОМА

xorionepitelioma

ХОРИОНЭПИТЕЛИОМА (аз хорион — ҳамроҳак ва эпителиома — омоси эпителӣ), як яавъ омоси бадаслест, ки аз трофобласт (эпителияи пардаи патдори тухмчаи ҷанин) cap мезанад. Xорионэпителиома баъди исқоти ҳамл, гоҳе баъди таваллуд дар бачадон ва дар узвҳои диг. инкишоф меёбад. Хунравӣ аз бачадон, аз эътидол калон будани бачадон, мусбат будани реакцияи …

Муфассал »

ХОРЕЯ

xoreya

ХОРЕЯ (аз юн. choreia — рақс), ҳаракатҳои номувофиқ, ғайриихтиёрӣ ларзидани дасту пой ва ғ.-ро гўянд. Як навъи гиперкинезия (ҳаракати барзиёд). Ҳангоми иллатёбии органикии баъзе қисмҳои таҳтиқишрии мағзи cap пайдо мешавад. Хореяи хурд (ё Хореяи Сиденхем) бештар дар кўдакон ва наврасон чун зуҳури тарбод инкишоф меёбад. Хореяи дер ё Хореяи Хантингтон …

Муфассал »

ХОНДРОСАРКОМА

xondrosarkoma

ХОНДРОСАРКОМА, омоси хавфноки бофтаи тағоякӣ, як навъи саркома аст. Ба Xондросаркома бештар мардҳо гирифтор мешаванд. Xондросаркома дар нуги устухони дарози рон, устухонҳои кос, қабурғаҳо ҷой мегирад. Беморӣ якчанд сол давом мекунад. Муолиҷ а: ҷарроҳию истеъмоли доруҳои зиддиомосӣ.

Муфассал »