Маълумоти охирин
Главная / Биология / СПЛЕНОМЕГАЛИЯ

СПЛЕНОМЕГАЛИЯ

splenomegaliya

СПЛЕНОМЕГАЛИЯ (аз юнонӣsplen — сипурз ва mеgаs, megalos — калон), сипурзбузургӣ, бағоят калоншавии сипурзро гӯянд, ки асосан дар вақти иллати он (омосҳо, киста, думмал ва ғайра), сирояти умумӣ (сепсис, вараҷа, тифи шикамӣ ва ғайра), бемориҳои хун (лейкозҳо лимфогрануломатоз) ва ҷигар мушоҳида мешавад. Дар вақти лейкозҳои музмин сипурз ниҳоят калон (вазнаш то 8 кг) шуда, қисми зиёди ковокии шикамро ишғол мекунад, дар ин маврид функцияи узвҳои хамсоя (меъда, рӯда, гурдаи чап) вайрону нафаскашӣ ва гардиши хун душвор мегардад. Ҳангоми Спленомагалия ихтилоли гардиши хун дар сипурз, гиперспленизм ва ғайра мушоҳида мешаванд.

Муолиҷа: бо роҳи ҷарроҳӣ дур қардани сипурз (спленэктомия), табобат бо гамма-нурҳо, истеъмоли кортикостероидҳо.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …