Маълумоти охирин

МИНО

mayakМИНО, маяк, иншиооти сигналдиҳандаи манорашаклест, ки бо роҳи афканиши рӯшноӣ, мавҷҳои садо ё радиомавҷҳо бехатарии ҳаракати са­молёту киштиҳоро таъмин мекунад ва онҳоро аз роҳгум задан эмин медорад. Барои раҳамоӣ ба киштиҳо (дар баҳрҳо) дар ҷои намоёии соҳил манора сохта, дар болои он танвираи пуриқтидор (лампаҳои электри, аце­тилена ё карасинӣ) мегузаронанд. Миноҳои шиновар (дар болои киштиҳои махсус) низ истифода бурда ме­шаванд. Миноҳое, ки самолётҳоро раҳнамоӣ мекунанд, миноҳои авиационӣ ном гирифтаанд. Дар ҳавои туман ё ҳангоми боришот ра­диомино истифода мешавад: радиостанцияҳои махсус радиомавҷҳо фиристода, ба киштиву самолётҳо ро­ҳи бехатарро нишон медиханд. До­ираи амали Минои мунир 20—50 км, радиомино 30—500 км ва зиёда аз он; Минои акустикӣ (ҳавоӣ) 5—15 км, Минои гидроакустикӣ то 25 км мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …