Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИННЕАПОЛИС

МИННЕАПОЛИС

mineapolisМИННЕАПОЛИС (Minneapolis), шаҳрест дар шим. ШМА. Дар шт. Миннесота, дар ду соҳили д. Мисси­сипи воқеъ аст. Аҳолиаш 378 ҳазор нафар (1975), бо ш. Сент-Пол, ки амалан бо Миннеаполис як шудааст, зиёда аз 1,8 млн нафар Маркази муҳими молия ва нақлиёту тиҷорати қисми шим. ғарбии мамлакат, шаҳри калони саноатӣ. Саноати орд, консерви гӯшт, шир, чӯббурӣ ва коркарди чӯб, соҳаҳои асосианд. Мошинсозӣ, коркарди металл (радиоэлектроника, истеҳсоли таҷҳизоти электрӣ ва таҷҳизоти мошинҳои хоҷагии қишлоқ), саноати химия, полиграфия босуръат тараққӣ мекунад. Университет дорад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …